img
ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН ПАЙРАВИ    ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

 

27 майи соли 2025 бо ташаббуси  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, роҳбарони сохторҳои вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои давлатии назди вазорат  ҳузур доштанд.

 

Ҳамзамон, муовини аввали вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим ҳузури меҳмононро хайрамақдам намуда, аз дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолият суханронӣ намуд.

 

Каримзода Насим  қайд намуда, ки  Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузуштаву имрузаи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз ватан, миллат, забон, фарҳанг ифтихор намоянд”

 

Боиси сарфарозӣ ва саодати бузург аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру ва тавонмандии ҷавонон эътимоди қавӣ дошта, бо ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хеш ҷиҳати рушд ва инкишофи озодонаи мо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” далели возеҳи гуфтаҳои болост.

 

Инчунин, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иброз доштанд, ки зимни суханрониҳояшон  Роҳбари давлат дар вохурӣ бо ҷавонони кишвар як нуқтаи муҳимро ёдовар гардида таъкид намуданд, ки “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии  давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузургу пешбаранда қавӣ алоқаманд аст. Ҷавонони мо бояд донишомӯз,

 

Бо ин хотир, дар идомаи маҷлис маърузачиён доир ба дастовардҳои кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар даврони Истиқлолият,  дар мавзуҳои  “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Касбомузии  ҷавонон тақозои замон”, “Ҷавонон неруи созандаву бунёдкор”  ба музокира баромада, бо эътимоди комил бо боварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Сарвари муаззами миллат изҳори сипос намуда, ёдовар шуданд, ки созандагиву ободкории  миллату давлат дар дасти мо ҷавонон аст ва ояндаи  ин миллати сарбанадндро танҳо мо  ҷавонон метавонем бо неру аклу заковати қавӣ, донишу малакаи ғанӣ  ба наслҳои оянда  созанда ва бунёдгузор бошем.

 

Дар фарҷом,  аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор ҷавононе, ки дар корҳои сиёсию ҷамъиятӣ  иштироки фаъолона ва саҳми беандоза доранд, қадрдонӣ гардиданд.

28.05.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ