img
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ  СММ (ЮНИСЕФ) ДАР АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Санаи 13 майи соли 2024 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо директори минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Октавиан Бивол мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд, аз ҷумла татбиқи самараноки лоиҳаҳои «Кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ», «Васеъ гардонидани имкониятҳои оилаҳои мондашуда, баҳри натиҷаҳои беҳтар аз муҳоҷират» ва идомаи лоиҳаи «Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон» изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар рафти мулоқот роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки соҳа, ки аз чорабиниҳои консепсия, стратегия ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Дар фарҷом ҷониби ЮНИСЕФ омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самти расонидани кумаки техникӣ ҷиҳати роҳандозии марказҳои шуғли фосилавӣ изҳор дошта, барои дастгирии иҷтимоию иқтисодии оилаҳои мондашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла кӯдакон, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мувофиқа расиданд.

 

 

15.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ