Рӯзҳои 3-4 октябри соли 2024 дар доираи ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ташрифи ҳайати Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар рафти чорабинии зикргардида вохӯрии роҳбарияти вазорат бо намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти федералӣ оид ба меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия баргузор гардид.
Мувофиқи рӯзнома масъалаҳо доир ба вазъи муҳоҷират, аз ҷумла раванди татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019, бандҳои дахлдори Протоколи 19-ум ва пешниҳодҳо ба лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 20-уми Комиссияи мазкур мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, дар фарҷоми вохӯрӣ ҷиҳати таҳким ва тақвияти фаъолияти минбаъда Нақша чорабиниҳо барои амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои нозироти меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ оид ба меҳнат ва шуғл (Федератсияи Россия) барои солҳои 2025-2027 ба имзо расонида шуд.