img
ТАҚВИЯТБАХШИИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ – ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ қайд намуданд, ки “... тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд”.

 

Дар ин радиф метавон махсусан қайд намуд, ки яке аз иқдомоти муҳиму самарабахш, ки заминаи асосии пешрафти кишвар маҳсуб меёбад, ин тақвиятбахшии мунтазам ва батадриҷи шуғли пурмаҳсул мебошад. Маҳз тавассути роҳандозӣ намудани ин намуди шуғл сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Тавре ки Сарвари давлат қайд намуданд, дар соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ  дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин карда шавад.

 

Дар ин ҷода вазифа гузошта шудааст, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.  Сарвари дурандеши давлат вазифа гузоштаанд, ки   ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

 

Бояд қайд намуд, ки яке аз роҳҳои асосии тақвиятбахшии шуғли пурмаҳсул куллан замонавӣ гардонидани раванди истеҳсолот ва хизматрасонӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷода Сарвари давлат вазифа ба миён гузоштанд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ҳамчун дастовардҳои ҷаҳони муосир дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.

 

Бо назардошти муҳимии гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби Сарвари давлат парламенти ҷумҳурӣ муваззаф гардонида шуд, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд. Дар баробари ин, Хадамоти алоқа вазифадор гардид, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

 

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Ҳамчунин, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд. Дар ин радиф, ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Ҳадафи Сарвари давлат, ин коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ дар идоракунии давлатӣ  бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мебошад.

 

Дар ин радиф, Пешвои миллат таъкид бар он намуданд, ки то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт намекард. Баъди ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Асос ва заминаи устувори роҳандозӣ намудани шуғли пурмаҳсул кормандони босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг ва ватандӯст мебошанд.

 

Сарвари давлат махсусан таъкид намуданд: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.

 

Дар Паёми Сарвари давлат ба масъалаи афзоиши захираҳои қувваи корӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат эътибори махсус дода шудааст. Тавре ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд”.

 

Аз ин лиҳоз, мақомоти ваколатдор муваззаф гардонида шудаанд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд. Дар ин росто, ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад.

 

Тавре ки маълум аст, яке аз омилҳои асосии таъмин намудани шуғли пурмаҳсул, ин батадриҷ боло бурдани сатҳи пардохти музди меҳнати кормандон маҳсуб меёбад. Сарвари давлат бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад ва ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сароғози марҳалаи сифатан нав дар ҷодаи баланд бардошани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


 

Маҳмадбекзода М.Ш.,

 

доктори илмҳои сиёсӣ, директори Муассисаи давлатии

“Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

 

23.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ