img
ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: РӮҲИ БЕДОР, АНДЕШАИ БУЗУРГ ВА САВТИ ИТТИҲОД

Дар давраҳои мураккаби таърих, вақте ки миллатҳо ба сари ду роҳ - ё зинда мондан бо шараф, ё гум шудан дар гирдоби бесарусомонӣ меоянд танҳо шахсиятҳои бузург метавонанд бо хиради худ роҳи наҷотро кушоянд. Барои миллати тоҷик чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Инсоне, ки бо иродаи азим, бо муҳаббати беандоза ба Ватан ва бо масъулияти беназир тавонист аз торикии ноумедӣ роҳ ба рӯшноии умед кушояд.

 

Пешвои муаззами миллат аз оғози фаъолияти худ исбот карданд, ки роҳбарӣ фақат вазифа нест, балки рисолат аст-рисолати хидмат ба инсон, ба миллат ва ба ояндаи давлат. Аз миёни мардум бархост, аз дарди мардум гузашт ва бо хирад ва ҷасорат роҳи давлатдории миллиро бунёд гузошт. Вақте, ки кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафта буд, садояшон мисли савти оромии субҳ дамид: «Мо метавонем аз нав Тоҷикистонро созем». Ва воқеан, созандагиҳояшон аз ҳамон рӯз оғоз ёфт.

 

Абармарди таърихсоз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро бо қудрат ба даст наовард - онро бо сухан, бо ҳикмат, бо меҳру сабр ба дилҳои мардум баргардонд. Бо ин тартиби фарҳехта роҳбари сулҳ, меъмори ваҳдат ва рамзи оромӣ гардиданд. Ҷомеае, ки дар раванди фурӯпошӣ буд, бо хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба роҳи субот баргашт. Имрӯз ҳар гӯшаи Тоҷикистон-роҳҳо, мактабҳо, нерӯгоҳҳо, шаҳру деҳоти обод, ва болотар аз ҳама-итминон ва оромие, ки дар чеҳраи мардум менамояд нишони он заҳматҳост. Имрӯз, номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо бо Тоҷикистон пайванд дорад - он номи ватандорӣ, хирад ва масъулияти ҷаҳонист.

 

Бо ташаббусҳои Пешвои миллат, Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муҳимми муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об ва муҳити зист табдил ёфт. Пешвои миллат дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид садои инсониятро баланд бардошт, то ҷаҳон дарк кунад, ки «Об ҳаёт аст». Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш бо эҳтироми амиқ гуфтааст: «Дар арзиш гузоштан ба об, ҳаёти ҷаҳон ва ҳифзи пиряхҳо, Тоҷикистон пешвои ҷаҳон аст». Ин суханон, ки аз забони раҳбари волотарини созмони ҷаҳонӣ садо доданд, нишони онанд, ки андеша ва сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд намешаванд, онҳо паёми умумибашарӣ мебошанд.   

 

Пешвои миллат масъаларо бо дидаи васеъ мебинад: барои ӯ об танҳо сарчашмаи иқтисод нест, балки пули ҳамкорӣ байни миллатҳост. Ӯ бо боварӣ мегӯяд, ки об метавонад сабаби сулҳ бошад, на низоъ. Ҳамин аст, ки Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ, хонум Селесте Сауло, баъди мулоқоташон бо Сарвари Тоҷикистон изҳор доштанд: «Ман ифтихор дорам, ки бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки роҳбарии бузург нишон додааст, мулоқот кардам.» Дар гузориши расмии созмони ӯ низ зикр шудааст, ки «Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон захираҳои обро ҳамчун манбаи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ идора мекунад.» Ин суханон шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хирад тавъам аст ва бо ин масъулият тавонист ҷаҳонро ба ҳамгироӣ даъват кунад. Бо ташаббуси Пешвои миллат даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» аз ҷониби СММ қабул шуд, ки ба ҳайси як дастоварди нодири байналмилалӣ номи Тоҷикистонро дар саҳифаҳои таърихи умумибашарӣ сабт намуд. Бо ин васила ба ҷаҳониён нишон дод, ки кишварҳои хурд низ метавонанд бо андешаҳои бузург ба пешрафти инсоният, ба ҳали масоили глобалии байналмилал саҳм гузоранд.

 

Директори генералии ICESCO Салим бин Муҳаммад Ал-Малик ин саҳмро чунин арзёбӣ кардааст: «Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун бозингари калидӣ дар ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист баромад кардааст». Дар ҳақиқат, Пешвои миллат танҳо дар бораи Тоҷикистон не, балки дар бораи ҷаҳон меандешад. Ӯ на аз ҷойгоҳи сиёсӣ, балки аз мақоми инсони масъул ба сарнавишти замин ва инсоният нигаристааст.

 

Имрӯз Тоҷикистон, ки рӯзе аз харитаи ҷаҳон ба нопайдошавӣ таҳдид дошт, ба кишвари субот, ваҳдат ва эҳтиром табдил ёфтааст. Мардуми он бо ифтихор мегӯянд, ки Пешво доранд-Пешвое, ки зиндагияш саршор аз хидмат аст. Бо фурӯтанӣ ва матонат роҳ мебарад, бе даъво, бе ҷанҷол, вале бо амал, бо хирад, бо дурандешӣ, бо сиёсати ботадбир. Ӯ шахсе аст, ки ҳар иқдомаш на барои қудрат, балки барои одам аст.

 

Дар баробари сиёсати хориҷии муттавозин, Пешвои миллат дар дохили кишвар заминаи рушди маънавӣ ва фарҳангиро низ мустаҳкам намуд. Ӯ фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ ва арзишҳои суннатии тоҷиконро эҳё ва зинда сохт. Бо таҷрибаю хиради волои роҳбарияшон рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба ифтихори воқеӣ табдил ёфтанд. Имрӯз тоҷикон худро на танҳо миллати гузашта, балки миллати оянда эҳсос мекунанд. Пешвои миллат ба насли ҷавон эътимод дорад. Борҳо гуфтааст, ки ҷавонон бояд идомадиҳандаи корҳои насли пешини худ бошанд.

 

Таҳти сиëсати ғамхоронаашон садҳо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ, иншооти варзишӣ ва фарҳангӣ бунёд шудаанд. Пешвои муаззами миллат медонанд, ки сармояи ҳақиқӣ на дар сарватхои табии, балки дар илму дониш аст. Сиёсати рушди сабз, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод шуд, имрӯз ба стратегияи миллӣ табдил ёфтааст. Дар арсаи байналмиллалӣ таъкид мекунанд, ки ояндаи инсоният бе ҳифзи табиат вуҷуд надорад. Антонио Гутерриш бо эҳтиром гуфта буд: «Ман ваъдаи Президенти Раҳмонро барои табдил додани Тоҷикистон ба «Кишвари сабз» то соли 2037 ситоиш мекунам». Ин на танҳо ситоиш, балки эътирофи диди дурбинона ва масъулияти ҷаҳонии Пешвои миллати мо аст.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки бо амал таълим медиҳад, бо хидмат илҳом мебахшад ва бо дурандешиҳо роҳ нишон медиҳад. Ӯ инсонест, ки аз имтиҳонҳои сахт гузашта, вале ҳеҷ гоҳ аз мардум ҷудо нашудааст. Дилашон бо Ватан мезанад ва шуҷоаташон аз муҳаббати мардум нерӯ мегирад. Вай роҳбари мардумӣ аст, ки шӯҳратро ба хидмат иваз кард ва қудратро ба масъулият табдил дод. Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бо ифтихор мегӯяд, ки Пешвои миллат дорад-инсоне, ки ба ваъдааш вафо мекунад, ба суханаш амал мебахшад ва ба оянда бо чашми умед менигарад. Ӯ инсоне аст, ки таърихро тағйир дод, вале худаш аз он боло намонд-бо мардум монд, дар миёни онҳо, бо дарди онҳо, бо орзуҳои онҳо. Ҳар чӣ бештар солҳо мегузаранд, қадри он рӯзҳо ва хидматҳо бештар эҳсос мешавад. Сулҳ, ваҳдат, рушди иқтисодӣ, истиқлол ва ифтихори миллӣ-ҳамаи ин неъматҳо аз меҳнат, фидокорӣ ва хиради Пешвои миллат сарчашма мегиранд. Ӯ шоҳиди наљоти миллат ва рамзи пойдории давлат аст.

 

Вақт мегузарад, наслҳо меоянд, таърих варақ мегардонад, аммо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили ҳар тоҷик ҳамчун чароғи равшани умед, рамзи сулҳ ва сутуни истиқлол боқӣ хоҳад монд. Ӯ пешвоест, ки миллатро бо хирад ба ваҳдат овард, бо муҳаббат ба субот бурд ва бо имон ба оянда роҳнамоӣ мекунад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари як давлат, балки падари маънавии миллат аст, ки бо хидмат ва садоқати худ исбот намуд: тоҷик метавонад ҷаҳонро бо хиради худ тасхир кунад.

 

 

Саидзода Ш. М. – Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.11.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ