Меҳнат дар ҳама давру замон асоси зиндагии инсон, рушди ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аммо меҳнат дар сурате арзиши воқеии иҷтимоӣ пайдо мекунад, ки дар муҳити солим, бехатар ва бо кафолатҳои ҳуқуқӣ амалӣ гардад. Аз ин рӯ, ҳифзи меҳнат масъалаи маҳдуди истеҳсолӣ ё техникии дохили корхона набуда, балки як самти муҳими сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлат мебошад.
Ҳадафи аслии таҷлили 28 апрел – Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат маҳз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, корфармоён, кормандон, мақомоти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ ба масъалаи ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон дар раванди меҳнат аст. Ин сана хотирнишон менамояд, ки пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ ва дигар хавфҳои вобаста ба меҳнат на танҳо вазифаи назоратӣ, балки уҳдадории ахлоқӣ ва иҷтимоии ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ мебошад.
Дар шароити муосир мазмуни ҳифзи меҳнат боз ҳам васеътар гардидааст. Агар дар гузашта диққати асосӣ бештар ба техникаи бехатарӣ, муҳофизати инфиродӣ ва пешгирии ҷароҳатҳои истеҳсолӣ равона мешуд, имрӯз ба ин раванд масъалаҳои шуғли ғайрирасмӣ, муносибатҳои шаффофи меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, саломатии равонӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва фарҳанги идоракунии хавфҳо низ дохил мешаванд. Яъне, ҳифзи меҳнат аз рӯзи бастани шартномаи меҳнатӣ оғоз ёфта, то ташкили шароити бехатар, пардохти саривақтии музди меҳнат, таъмини истироҳат, омӯзиш, ҳимояи иҷтимоӣ ва пешгирии хатарҳо идома меёбад.
Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи меҳнат ҳамчун низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитариву гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқарорсозӣ муайян гардида, барои таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахс дар раванди меҳнат равона шудааст. Ин таъриф нишон медиҳад, ки ҳифзи меҳнат бо риояи як дастурамал ё истифодаи воситаҳои муҳофизатӣ маҳдуд нашуда, он маҷмуи низоми идоракунӣ, пешгирӣ, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ба масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтани аҳолӣ ба шуғли пурмаҳсул, инчунин ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Ин ҳидоятҳо моҳиятан инъикосгари он аст, ки ҳифзи меҳнат қисми ҷудонопазири шуғли расмӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Корманде, ки шартномаи меҳнатӣ надорад, ба суғуртаи иҷтимоӣ пурра фаро гирифта нашудааст ё музди меҳнаташ сари вақт пардохт намегардад, дар баробари хавфҳои истеҳсолӣ аз нигоҳи иҷтимоӣ низ осебпазир мегардад. Аз ин рӯ, меҳнати бехатар, ҳамзамон меҳнати расмӣ, қонунӣ, кафолатнок ва арзанда мебошад.
Фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои татбиқи ҳамин ҳадафҳо равона гардидааст. Тибқи Низомномаи Агентӣ, яке аз вазифаҳои он дар самти меҳнат таъмини рушди шарикии иҷтимоӣ, бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ, ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касаба ва корфармоён, мусоидат ба пардохти саривақтии музди меҳнат, таҳлили масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва расонидани кӯмаки методӣ ба ташкилоту корхонаҳо мебошад.
Дар се моҳи соли 2026 Агентӣ ва сохторҳои он дар маҳал дар самти меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, ба 1330 корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кӯмаки методӣ расонида шуда, дар маҷмуъ ба 5592 нафар вобаста ба талаботи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа машварат ва тавзеҳот дода шуд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳар як машварат ва фаҳмондадиҳӣ метавонад аз сар задани баҳси меҳнатӣ, вайроншавии ҳуқуқи корманд, нодуруст бастани шартнома ё сар задани хавфи истеҳсолӣ пешгирӣ намояд. Дар соҳаи ҳифзи меҳнат пешгирӣ ҳамеша аз бартараф кардани оқибат муфидтар ва самараноктар мебошад. Самти дигари муҳим корҳои иттилоотию омӯзишӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 420 вохӯрӣ ва чорабинӣ, аз ҷумла семинарҳои машваратию омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва гузоришҳо тавассути телевизиону радио баргузор гардиданд.
Шартномаҳои коллективӣ яке аз василаҳои асосии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон ба ҳисоб мераванд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз 36 316 корхона, муассиса ва ташкилот 19 349 субъект ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро дошта, 16 330 шартномаи коллективӣ дар сохторҳои Агентӣ сабт гардидааст. Ин нишондиҳанда 84,4 фоизро ташкил медиҳад ва аз густариши шарикии иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.
Дар шартномаи коллективӣ масъалаҳои музди меҳнат, реҷаи вақти кор ва истироҳат, кафолатҳои иҷтимоӣ, шароити бехатари меҳнат, таъмини воситаҳои муҳофизатӣ, омӯзиши кормандон, дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва дигар масъалаҳои муҳими меҳнатӣ метавонанд ба таври возеҳ пешбинӣ гарданд. Аз ин рӯ, шартномаи коллективӣ танҳо санади локалӣ набуда, механизми ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти тарафайн байни корфармо ва кормандон мебошад.
Пардохти саривақтии музди меҳнат низ ҷузъи муҳими муносибатҳои солими меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии корманд аст. Дар ин самт сохторҳои Агентӣ дар ҳайати ситодҳои корӣ оид ба бартарафсозии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат фаъолият мекунанд. Дар семоҳаи якуми соли 2026 дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ситодҳл 77 маротиба ҷаласа баргузор гардида, маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56,6 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин натиҷа, пеш аз ҳама, самараи ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, сохторҳои вазорат ва корфармоён мебошад.
Таҳлилҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) нишон медиҳанд, ки ҳифзи меҳнат дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти охирини ТБМ, ҳар сол дар ҷаҳон тақрибан 2,93 миллион нафар кормандон бар асари омилҳои вобаста ба меҳнат мефавтанд. Ҳамзамон, маҷмуан 395 миллион нафар ҳар сол ҷароҳатҳои гуногуни истеҳсолӣ мебардоранд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳолатҳои фавт на танҳо аз садамаҳои ногаҳонии истеҳсолӣ, балки аз бемориҳои касбӣ ва таъсири тӯлонии омилҳои зараровар низ ба вуҷуд меоянд. Дар шароити муосир ҳолати мазкур беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо намуда истодааст. Зеро бисёр хатарҳо дар муҳити корӣ ноаён, аз ҷумла, чанг, моддаҳои кимиёвӣ, фишори доимии равонӣ, соатҳои дарози кор, тарзи нодурусти ташкили меҳнат ва норасоии истироҳат метавонанд бо гузашти солҳо ба беморӣ ё маъюбӣ оварда расонанд.
Яке аз хатарҳои нави ҷаҳонӣ барои кормандон тағйирёбии иқлим мебошад. Дар гузориши ТБМ «Таъмини бехатарӣ ва ҳифзи саломатӣ дар ҷойи кор дар шароити тағйирёбии иқлим» (“Ensuring safety and health at work in a changing climate”) таъкид мегардад, ки тағйирёбии иқлим аллакай ба бехатарӣ ва саломатии кормандон дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон таъсири худро расонида истодааст. Гармии аз ҳад зиёд, нурҳои ултрабунафш, офатҳои табиӣ, ифлосшавии ҳаво, бемориҳои сироятӣ ва таъсири агрокимиёҳо аз ҷумлаи хатарҳои асосии ин раванд ба шумор мераванд.
Тибқи арзёбии ТБМ дар ҷаҳон ҳар сол 2,41 миллиард корманд аз гармии аз ҳад зиёд дар ҷойи кор азият мекашанд. Таъсири гармӣ метавонад ба камобшавии бадан, гармозадагӣ, хастагии шадид ва паст шудани ҳосилнокии меҳнат оварда расонад. Ин масъала барои кишварҳои дорои иқлими гарм ва соҳаҳое, ки меҳнат асосан дар фазои кушод анҷом дода мешавад, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, роҳсозӣ, нақлиёт ва хизматрасонии коммуналӣ аҳамияти вижа дорад.
Барои Тоҷикистон, ки дар он қисми назарраси шаҳрвандон дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва корҳои берунӣ фаъолият мекунанд, ин масъала бояд бештар мавриди омӯзиш ва банақшагирӣ қарор гирад. Танзими вақти кор дар рӯзҳои гарми сол, танаффусҳои иловагӣ, таъмини оби нӯшокӣ, либоси мувофиқ, назорати тиббӣ, омӯзиши кормандон ва ба инобат гирифтани масъалаҳои тағйирёбии шароити меҳнат вобаста ба иқлим дар шартномаҳои коллективӣ тадбирҳое ҳастанд, ки одӣ ба назар расанд ҳам хеле саривақтӣ мебошанд.
Хатари дигар муҳити равонӣ-иҷтимоии меҳнат мебошад. Гузориши ТБМ барои Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат дар соли 2026 ба масъалаҳои фишори равонӣ, соатҳои тӯлонии кор, ноустувории шуғл, муносибатҳои носолим дар ҷойи кор ва дигар омилҳое бахшида шудааст, ки ба саломатии равонӣ ва ҷисмонии корманд таъсир мерасонанд. Тибқи ин гузориш, ҳар сол зиёда аз 840 ҳазор нафар дар натиҷаи омилҳои психоиҷтимоӣ дар муҳити меҳнат мефавтанд.
Ин омор бори дигар нишон медиҳад, ки муҳити бехатари корӣ танҳо набудани таҷҳизоти хатарнок ё моддаҳои зараровар нест. Муҳити бехатар, инчунин муносибати солим, эҳтиром ба шаъну шарафи корманд, тақсими одилонаи сарбории корӣ, пешгирии фишори равонӣ ва фароҳам овардани имконияти муколама миёни кормандон ва корфармоёнро дар бар мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки татбиқи муассири ҳифзи меҳнат бидуни шарикии иҷтимоӣ имконнопазир аст. Давлат қонунгузорӣ ва сиёсати умумиро муайян менамояд, корфармо шароити меҳнатро ташкил мекунад, корманд қоидаҳоро риоя менамояд ва иттифоқҳои касаба манфиатҳои кормандонро ҳимоя мекунанд. Танҳо дар сурати ҳамоҳангии ин чор унсур низоми ҳифзи меҳнат метавонад натиҷаи воқеӣ диҳад.
Тазаккур бояд дод, ки дар ин самт таҷрибаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат аҳамияти муҳим дорад. Бо ташаббуси мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат 18 чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ва иттифоқҳои касаба баргузор гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ёфт. Мақсади чунин чорабиниҳо на танҳо таҷлили як сана, балки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва корфармоён, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва ташаккули фарҳанги пешгирии хавфҳо мебошад.
Фарҳанги пешгирӣ маънои онро дорад, ки ҳар як корфармо ва ҳар як корманд хавфро пеш аз рух додани ҳодиса мебинад, арзёбӣ мекунад ва барои бартараф намудани он чора меандешад. Ин фарҳанг танҳо тавассути фармоиш ё ҷарима ба вуҷуд намеояд. Он тавассути омӯзиш, муколама, масъулияти шахсӣ, шартномаҳои коллективӣ ва иштироки фаъолонаи кормандон ташаккул меёбад. Бо дарназардошти таҷрибаи миллӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ, барои тақвияти ҳифзи меҳнат дар марҳилаи минбаъда чанд самти афзалиятнокро метавон ҷудо намуд. Якум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корфармоён ва кормандон бояд идома ва густариш ёбад. Донистани талаботи Кодекси меҳнат, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ва қоидаҳои бехатарӣ заминаи аввалини пешгирии баҳсҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Дуюм, масъалаҳои ҳифзи меҳнат бояд дар шартномаҳои коллективӣ боз ҳам равшантар ва мушаххастар инъикос ёбанд. Ба чунин шартномаҳо метавон чораҳои марбут ба таъмини воситаҳои муҳофизатӣ, омӯзиши даврии кормандон, пешгирии таъсири гармӣ, тартиби танаффусҳо, назорати тиббӣ, дастгирии кормандони осебпазир ва пешгирии фишори равониро ворид намуд. Сеюм, масъалаи шуғли расмӣ бояд ҳамчун қисми муҳими ҳифзи меҳнат баррасӣ шавад. Расмӣ будани муносибатҳои меҳнатӣ ба корманд имконият медиҳад, ки аз ҳуқуқ ба рухсатӣ, музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи меҳнатӣ, ҷуброн ҳангоми осеби истеҳсолӣ ва дигар кафолатҳои қонунӣ истифода барад.
Чорум, истифодаи имкониятҳои рақамикунонӣ дар баҳисобгирии қувваи корӣ, мониторинги шартномаҳои коллективӣ, таҳлили ҷойҳои кории хатарнок ва арзёбии муроҷиатҳои шаҳрвандон метавонад самаранокии идоракунии соҳаро баланд бардорад. Рақамикунонӣ танҳо воситаи техникӣ нест, он барои шаффофият, суръат ва асоснокии қарорҳои идоракунӣ имконияти нав фароҳам меорад. Панҷум, бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, зарур аст, ки дар ташкилоту корхонаҳо нақшаҳои пешгирии таъсири гармӣ, ифлосшавии ҳаво ва дигар хавфҳои экологӣ таҳия карда шаванд. Чунин нақшаҳо махсусан барои соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, роҳсозӣ, нақлиёт ва корҳои берунӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Хулоса, ҳифзи меҳнат дар шароити муосир мафҳуми васеъ ва бисёрҷанба мебошад. Он на танҳо масъалаи техникаи бехатарӣ, балки қисми ҷудонашавандаи меҳнати арзанда, муносибатҳои расмии меҳнатӣ, шарикии иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар ҷойи кор аст. Омори ҷаҳонии ТБМ ҳушдор медиҳад, ки хатарҳои истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, тағйирёбии иқлим ва хавфҳои равонӣ-иҷтимоӣ пайваста такмили низоми ҳифзи меҳнатро тақозо менамоянд.
Ҳифзи меҳнат маънои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва ояндаи кормандро дорад. Ҳар тадбире, ки барои беҳтар намудани шароити меҳнат, расмӣ намудани шуғл, пардохти саривақтии музди меҳнат, омӯзиши кормандон ва пешгирии хавфҳо амалӣ мегардад, сармоягузорӣ ба инсон, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Рӯйхати адабиёт
1. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2016 №478 қабул гардида, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2016 №255 ҷонибдорӣ шудааст.
2. Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №391 тасдиқ шудааст.
3. Ҳисоботи таҳлилӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 2025.
5. International Labour Organization. A call for safer and healthier working environments. Geneva: ILO, 2023.
6. International Labour Organization. Safety and health at work. ILO official topic page. Available at: https://www.ilo.org/topics-and-sectors/safety-and-health-work. Accessed: 29.04.2026.
7. International Labour Organization. Ensuring safety and health at work in a changing climate. Geneva: ILO, 2024.
8. International Labour Organization. Heat at work: Implications for safety and health. Geneva: ILO, 2024.
9. International Labour Organization. The psychosocial working environment: Global developments and pathways for action. World Day for Safety and Health at Work 2026: Global Report. Geneva: ILO, April 2026. 10. International Labour Organization. 840,000 deaths a year linked to psychosocial risks at work. ILO News, 22 April 2026.
Умед Муродзода,
муовини директори
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ