img
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак

12 июни соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак баргузор гардид.

 

Дар   ҷаласа кормандони масъули вазорату идораҳо, шарикони иҷтимоӣ,  ташкилотҳои байналмилалӣ ва   ҷамъиятӣ ширкат намуда, бахшида ба ин рўз баромад ва пешниҳодҳои худро иброз  намуданд. Дар оғоз зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамасола 12 уми июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакро таҷлил менамояд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, заминаи қонунгузории ҳифзи кӯдаконро устувор намуд ва тавассути ин иқдом баҳри аз байн бурдани меҳнати шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон тадбирҳои самарабахш татбиқ менамояд.

 

Маҳз ба хотири аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, таҳти №169 «Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо» ва аз 31 октябри соли 2014 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” рӯйи кор омадаанд ва мавриди иҷрои пурра ва саривақтӣ қарор дода шуданд.

 

Айни замон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

13.06.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ