img
«РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» – РАМЗИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишонаи садоқат ба Ватани азизамон — Тоҷикистон аст. Рӯзи Президент на танҳо як ҷашни расмӣ, балки ифодаи миннатдории халқи Тоҷикистон ба Сарвари худ мебошад. Зеро маҳз бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, ба давраи сулҳ, субот ва пешрафт ворид гардид.

 

Соли 1992 пас аз интихоб шудани мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси роҳбари давлат, Тоҷикистон ба роҳи нави давлатдории миллӣ қадам гузошт. Бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи деринтизори тоҷикон таъмин гардид ва 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Асоси ин созишнома барқарор кардани сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу амнияти шаҳрвандон буд. Ин санад имкон дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба поён расад, ҳукумати ягона ва вахдати миллӣ барқарор гардад ва минтақаҳои осебдида барои барқарорсозии иқтисодӣ ва иқтимоӣ дастгирӣ шаванд. Аз ҳамон рӯзҳо то имрӯз, Тоҷикистон зери парчами ваҳдат ва истиқлол ба пеш ҳаракат дорад.

 

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, бо сиёсати дурбинона ва меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат дар кишвар садҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти энергетикӣ, роҳҳо ва пулҳои нав бунёд гардиданд. Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» — яке аз иншооти муҳими стратегӣ ва рамзи истиқлоляти энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки дар он намунаи равшани заҳмат ва садоқати Пешвои миллат, ба миллати тоҷик ҳувайдо мебошад.

 

Имрӯз, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки рамзи ваҳдат, сулҳу субот ва ифтихори миллӣ мебошад. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо сиёсати хирадмандонаашон дар арсаи байналмилалӣ нуфузи кишварро баланд бардошта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва пешрафта муаррифӣ намудааст.

 

Соли 1992 пас аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафарҳои муҳими хориҷиро, бо мақсадҳои асосии он, ҷалби дастгирии сулҳу ваҳдат, мустаҳкам кардани робитаҳои дипломатӣ ва рушди ҳамкории иқтисодӣ анҷом дода буданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1992-1993 ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд, ки мақсадҳои он ҷалби дастгирии байналмилалӣ барои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, мустаҳкам кардани робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҷалби кўмакҳои башардўстона ва молиявӣ барои барқарорсозии кишвар, муайян кардани принсипҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро фаро мегирифт. Ин сафарҳо барои Тоҷикистон имконият доданд, ки равандҳои дохилӣ ва байналмилалӣ устувор шаванд ва кишвар ба сўи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодӣ қадам гузорад.

 

Бо рохбарии Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат барои рушди муносибатҳои дипломатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ як қатор созишномаҳои аввалинро имзо намуд, ин санадҳо ва созишномаҳо нақши муҳим дар сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди кишвар доштанд. Мақсад аз имзои онҳо барқарорсозии ҳамкории дуҷониба, ҷалби дастгирии иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дарбар мегирифт.

 

Дар ҳамин давра, муҳоҷирати аҳолӣ ба як раванди муҳим ва зарурӣ табдил ёфт. Вазъи иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ сабаби он гардид, ки шаҳрвандон барои пайдо кардани кор ва беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ба хориҷ раванд. Бо дарки аҳамияти ин раванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии муҳоҷиратро ба роҳ монданд, ки ҳадафи асосии он ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, инчунин ҷалби дастгирии байналмилалӣ буд. Дар ин замина, Тоҷикистон бо чандин давлатҳо - аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ — созишномаҳои муҳим имзо намуд, ки барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои қабулкунанда бо низоми ҳуқуқӣ, қоидаҳои будубош ва шароити меҳнатии танзимшуда машғул шаванд.

 

Ҳамзамон, давлат бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказҳои иттилоотию омӯзишӣ таъсис дод, ки барои тайёр кардани муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷ, омӯзиши забон ва қонунҳои будубош мусоидат мекунанд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки муҳоҷирати шаҳрвандон танзим шуда, равандҳои қонунигардонии шуғл дар муҳоҷират ба танзим дарояд, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ҳифз карда шаванд. Дар “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тамоми мардуми кишвар бо эҳсоси ифтихор ва муҳаббати самимӣ Пешвои муаззами миллатро табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри дароз ва дар роҳи ободии Тоҷикистон муваффақиятҳои нав орзу менамоянд.
 

 

Исматзода Абубакр Изатулло,
Мутахассиси пешбари раёсати муҳоҷирати аҳолии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ