img
ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ МДХ МАРКАЗИ ШУҒЛИ АҲОЛИИ ШАҲРИ ҚАЗОН

14 майи соли 2025 дар доираи сафар ва иштирок дар Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо директори Департаменти МДХ Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қазон дар ноҳияҳои Киров ва Москва Полубарева Ирина Игоревна ва боздид аз ин марказ сурат гирифт.

 

Ба иттилои Полубарева Ирина Игоревна – марказ дар самти мусоидат ба шаҳрвандон дар ёфтани кори мувофиқ, ташкили самти касбии шаҳрвандон бо мақсади интихоби соҳаи фаъолият (касб), шуғл, гузаштани омӯзиши касбӣ ва гирифтани маълумоти иловагии касбӣ, дастгирии равонии шаҳрвандони бекор, ташкили таълими касбӣ ва таҳсилоти иловагии касбии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла таҳсил дар минтақаи дигар, ташкили шуғли муваққатии шаҳрвандони ноболиғи аз 14 то 18-сола дар вақти холӣ, шаҳрвандони бекоре, ки дар ёфтани кор душворӣ мекашанд, шаҳрвандони бекори аз 18 то 25-сола, ки маълумоти миёнаи касбӣ ё олӣ доранд ва дар давоми як сол аз рӯзи додани ҳуҷҷати таълимӣ ва тахассусӣ кор меҷӯянд, мутобиқсозии иҷтимоии шаҳрвандони бекор дар бозори меҳнат, ташкили ҳамроҳӣ бо кумаки шуғли маъюбон, мусоидат ба корфармоён дар интихоби коргарони зарурӣ ва ғайра машғул мебошад.

 

Аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози андеша гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳо манзур гардиданд. Дар мулоқот самтҳои нави ҳамкории муштарак муайян ва муаррифӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

 

16.05.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ