img
ИСТИҚЛОЛ МУБОРАКУ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

 

 

Имрӯз бо ифтихору сарбаландӣ мардуми шариф ва иззатманди кишварамон аз 34–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқболи самимӣ мекунанд. Ин шуълаи озодӣ ва ифтихори миллист, ки дар тули 34 сол қалби ҳар як тоҷикро гарм мекунад ва ба ояндаи нек бо умеду орзуҳое, ки халқи тоҷик дар давоми ҳазорон сол парварида буд, барои боз ҳам ободу зебо ва шукуфо шудани Ватани азизамон кору пайкор мекунанд.

 

Дарҷ намудан ба маврид аст, ки ин неъмати бузург ройгон ба даст наомадааст. Танҳо ҳамдилӣ ва ваҳдати миллии халқамон буд, ки зери як парчам китф ба китф сарҷамъ гардида, бо талошу ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи содиқи сарзамин,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин рӯзи саид расидем. Истиқлоли ватанамон ба мо имкон дод, ки мероси гаронбаҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои худро ҳифз кунем ва дар роҳи пешрафту созандагӣ бо иродаи қавӣ қадам гузорем. Ин рӯз моро ба хотири гузаштаи пуршараф ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон муттаҳид месозад.

 

Дар 34 сол Тоҷикистони азиз бо меҳнати якдилонаи мардуми худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва ҳоло Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати сулҳпарвар ва дорои фарҳанги ғанӣ эътироф шудааст. Истиқлол ба мо на танҳо озодии сиёсӣ, балки озодии андеша, эҷод ва  амалӣ гардидани орзуҳоро насибамон гардонид, ки мо бо қадами устувору қатъӣ ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон равона мешавем. Бинобар ин, Тоҷикистони соҳибистиқлол – ин ғурури ҳар як фарди кишвар ва асоси зиндагии муштараки мост!

 

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо донорҳои боэътимод ва шарикони рушд ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардуми тоҷик пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

 

Бинобар ин, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи кишварамон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқамон шароити мусоид фароҳам омад. Аз ҷумла, дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор донорҳо ва шарикони рушд ҳамкориҳо ба роҳ монд, ки ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди рушд дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ намудан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши ҳалкунанда мебозад.  Вобаста аз ин, аз ибтидои ҳамкориҳои судманд Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 116 лоиҳаро бо маблағи умумии тақрибан 2,9 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ кардааст. Лоиҳаҳои мазкур барои рушди иқтисодӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва шароити зиндагии арзандаву шоиста фароҳам овардан барои аҳолии мамлакатамон мусоидат намудаанд.

 

Қобили зикр аст, ки Бонки ҷаҳонӣ тавассути ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор соҳаҳои ҳаётан муҳими ватанамон, аз ҷумла, дар рушди маблағгузории иқтисоди сабз, хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, татбиқи Стратегияи фарогирии молиявӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини устувории низоми пардохт саҳми назаррас дорад. Инчунин, айни замон Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаҳоеро низ дастгирӣ менамояд, ки барои беҳтар шудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, аз қабили барқ, об ва маориф мусоидат менамоянд.

 

Ҳамин тариқ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ барои шаҳрвандони кишварамон шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳамасола афзоиши суръати истеҳсол ва кору хизматрасониҳо дар ҳамаи соҳаҳое, ки дар боло зикрашон рафт, ба сатҳ ва сифати зиндагии аҳолии кишварамон таъсири мусбат расонид, ки дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфт. Дар ин давом, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз лиҳози иқтисодии дар ҳоли рушд дар ҷаҳон арзи ҳастӣ менамояд, ки ғояҳову таҷрибаи сулҳофаринии онро дар дигар кишварҳои ҷаҳон меомӯзанд ва истифода мебаранд.

 

Дарҷ намудан ба маврид аст, ки айни замон бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар назди вазорат “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” татбиқ мегардад, ки барои дастгирии бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи шуғл ва дастрасӣ ба он, таҳсилоти калонсолон ва худиштиғолӣ, мусоидат намудан барои гузариш аз кумаки иҷтимоии унвонӣ ба шуғли доимӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

 

Дар анҷом, мехостам шахсан аз номи худам ва аз номи кормандони ГТЛ “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди ВММША ҶТ ҳамаи Шумоёнро ба фаро расидани 9- сентябр, яъне 34–умин солгарди рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, сарбаландӣ, барор дар кору зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азиз осмони софу беғуборро таманно менамоям.

 

Ҷашни Истиқлол муборак, Тоҷикистони азиз!

 

                                                         

                                                          С.Ғ. БОБОХОНЗОДА,

директори иҷроияи ГТЛ “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди ВММША ҶТ

04.09.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ