img
ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1.      Мутахассиси пешбари раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд–1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 солсобиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1870 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

      2. Мутахассиси Раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон– 1 ҷой

                  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиносӣ ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ          мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1480 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад), маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ, нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад, нусхаи шиноснома, маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз рўзи эълони расмии озмун дар муҳлати  то 21 рўз  қабул карда мешаванд.

 

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 71,

 индекс: 7350352, 231-47-71

10.10.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ