Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маълумоти шаҳрвандон – корҷуён мерасонад, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея шуруъ аз семоҳаи аввали соли 2025 сафарбаркунии шаҳрвандон бо мақсади анҷоми фаъолияти меҳнатӣ дар доираи созишномаи мазкур ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оғоз мегардад.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши кор ва фаъолиятро дар ин кишвар доранд метавонанд дар доираи талаботи корфармо ба Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Тибқи дархости корфармоёи Ҷумҳурии Корея гурӯҳи аввали интиқолшаванда бо ихтиссоси Кафшергар (Сварщик) дар назар аст.
Шарти қабул ва интиқоли корҷуён аз ҷониби корфармо:
Шаҳрвандон метавонанд дар марказҳои зерин Забони кореягӣ ва дигар касбу ихтисосҳои лозимиро омӯзанд:
Супоридани имтиҳони Забони кореягӣ, интихоб ва омодасозии ҳуҷҷатҳо барои сафарбаркунӣ аз ҷониби шахсони масъул (намояндаи Ҷумурии Корея) анҷом дода мешавад.
Эзоҳ: Илова бар ин, шаҳрвандон метавонанд дар дилхоҳ марказҳои
забономӯзии ба онҳо мувофиқ Забони кореягиро омӯзанд.
Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ бинои 108 муроҷиат намоед.
Телефонҳо барои маълумот: 250-32-42 (Вазорат), 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93 ва +992 906 88 93 13
https://khorijakor.tj/wp-admin/post.php?post=1912&action=edit