Дар доираи чорабиниҳои якҷояи Вазорат бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки санаи 25 апрели соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир муҳтарам Давлатзода Қиёмиддин, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсия, полковники адлия, Насриддинзода К. Ш., сарнозири Раёсати мазкур майори адлия Рабизода Д.Н. ва иштироки васеъи кормандони сохторҳои вазорат ҷаласаи корӣ вобаста ба иҷрои талаботи карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, № 465 “Дар бораи тасдики Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият” (хавфҳои коррупсионӣ) баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба “ Соли маърифати ҳуқукӣ”, ки аз дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, доир гардид.
Маврид ба зикр аст, яке аз омилҳои муҳиме, ки дар қарори мазкур мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода мешавад, ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, муносибати эҳтиромона нисбати санаду меъёрҳои қабулгардида, таъмини волоияти қонун ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ мебошад.
Аз ин хотир, мо кормандон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки меъёрҳои конститусиониро ҳамчун роҳнамои зиндагӣ, баҳри эъмори давлати ҳуқуқбунёд сармашқи кори худ қарор дода, дар иҷрои уҳдадориҳои мансабии давлатӣ ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва паст гардонидани шиддати хавфҳои коррупсионӣ пешоҳанг бошем.