img
ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАҲОНӢ ОИД БА БАКОРҶАЛБКУНИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзҳои 10-11 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Женева  Конференсияи ҷаҳонӣ оид ба бакорҷалбкунии байналмилалӣ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои дахлдори 60 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.

 

Дар конференсия масоили ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳоҷирати қонунӣ, кафолати ҳуқуқи муҳоҷирон ҳангоми бакорҷалбкунӣ, тақвияти фаъолияти Шабакаи ҷаҳонии сиёсати муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва эътирофи салоҳиятҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Тоҷикистонро дар конференсияи мазкур ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо раҳбарии муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ намояндагӣ карданд.

 

Зимни ҷаласа намояндагони кишварҳои иштирокдор дарёфти бозорҳои нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ, бакорҷалбкунии қонунии муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, пешгирӣ аз савдои одамон, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти пешбурди сиёсати муҳоҷират муҳим арзёбӣ карданд.

12.06.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ