Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода 17 апрели соли 2026 намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо роҳбарии сардори раёсат оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоии минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Паоло Белли ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба афзоиши бокортаъминкунии гурӯҳҳои осебпазир, рушди худиштиғол, ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ ва рақамикунонии бозори меҳнат тавассути ҷорӣ намудани Системаи иттилоотии бозори меҳнатро, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Стратегияи рушди миллӣ барои давраи то соли 2040 равона гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҳамкориҳои судманд дар татбиқи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии иқтисодӣ” изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Холмаҳмадзода Солеҳа амалисозии лоиҳаи мазкурро муҳим арзёбӣ карда, оид ба натиҷаҳои назаррас дар татбиқи лоиҳаи мазкур, аз ҷумла таъсиси Маркази коркарди маълумот дар вазорат, таъмини 73 воҳиди сохтори вазорат дар маҳал бо таҷҳизоти зарурӣ, ки ҷиҳати истифодаи босамари барномаҳои рақамии соҳавӣ мусоидат менамояд, дар 19 шаҳру ноҳияҳои пилотии вилояти Хатлон ба истифода дода шудани низоми хурди электронии бақайдгирии баҳрабардорони Барномаи фарогирии иқтисодӣ ва аз 1 майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол гардонидани онро ёдовар шуд.
Паоло Белли дар навбати худ ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи амали ин лоиҳа баҳои баланд дода, ба самаранок анҷом додани чорабиниҳои пешбинишуда то охири лоиҳа изҳори умедворӣ кард.
Ҷонибҳо имконияти идома додани лоиҳаро баррасӣ намуда, андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассусҳои касбӣ, афзоиши шуғли шаҳрвандони бекор, таъмини гузариши баҳрагирандагон аз худиштиғолӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ таъкид намуданд.
Дар фарҷом изҳори умедворӣ карда шуд, ки фаъолияти муштарак минбаъд низ ба татбиқи бомуваффақияти лоиҳа ва ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинигардида мусоидат хоҳад намуд.