img
ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲО – ДАР МАДДИ НАЗАРИ АВВАЛ

Таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳоҷират ва роҳи ҳаллу фасли мушкилоти он яке аз масоилест, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона гардидааст. Дар ин радиф метавон як қатор санадҳоеро номбар намуд, ки барои бартараф сохтани мушкилоти муҳоҷират нигаронида шудаанд. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо барои солҳои 2020 – 2024” ва “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз ин зумра мебошанд, ки дар доираи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо таҳия гардидаанд.

Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ҷиҳати амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини самараноки таҳсилоти касбии калонсолони кишвар, татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои коргарии ба талаботи воқеиӣ бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгӯ имрӯзҳо бо фарогирӣ аз 38 филиал ва 20 намояндгӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти касбомӯзии худро бо маром пеш бурда истодааст.

Дар самти омӯзиши касбҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аввали соли 2024 ба Иҷозатномаи Марказ ва филиалҳои он 9 номгӯи касбу ихтисосҳои нав ба барномаи таълимӣ ворид гардид. Вобаста ба омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муҳоҷират ва омӯзиши забони русӣ дар барномаҳои таълимии ҳар як касбу ихтисосҳо аз 6 то 12 соат фанни “Асосҳои муҳоҷирати меҳнатӣ” ва “Забони русӣ” ҷудо карда шудааст, ки тавассути ин фанҳо муҳоҷирон ва шаҳрвандони бекор оид ба қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон маълумоти дақиқ пайдо карда, қоидаҳои муошират бо забони русиро аз худ мекунанд.

Ҳамзамон, бо мақсади амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, №438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълими омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Марказ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, дар Иҷозатнома роҷеъ ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, дар қатори забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзиши забонҳои олмонӣ, ҷопонӣ, кореягӣ ва туркиро низ ба роҳ мондааст.

Дар доираи Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Корея оид ба фиристонидан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор ба имзо расонида шудааст, Марказ омӯзиши забони кореягиро барои шаҳрвандон роҳандозӣ намудааст. Айни замон дар дастгоҳи марказӣ ба 64 нафар шаҳрванд, махсусан муҳоҷирони бозпасгардонидашуда малакаҳои аввалини забони кореягӣ омӯзонда шуда, омӯзиши 36 нафари дигар ҷараён дорад. Марказ тасмим гирифтааст, ки теъдоди омӯзандагони забони мазкурро зиёд намояд.
 


Рустам ШАМСОВ,
муовини директори
МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”





 

20.12.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ