Санаи 27 октябри соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод бо сафари корӣ ба шаҳрҳои Самарқанд ва Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард. Ҳадафи асосии сафари корӣ аз шиносоӣ бо фаъолияти марказҳои тайёрии пеш аз сафар барои муҳоҷирон, ки бо дастгирии Созмони ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) таъсис ёфтаанд, омӯзиши таҷрибаи онҳо дар самти омодасозии шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва мубодилаи таҷриба ва иттилоот оид ба усулҳои интихобӣ, омӯзиш ва бақайдгирии шаҳрвандоне, ки ният доранд барои кор ба хориҷи кишвар сафар намоянд, иборат мебошад.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ба муовини вазир маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти марказҳо, равандҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон, роҳандозии феҳристҳои электронии ягонаи муҳоҷирон ва ташаккули махзани ягонаи маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки марҳилаи омодасозиро гузашта, ният доранд дар хориҷи кишвар фаъолият намоянд, пешниҳод гардид. Масъулони марказҳои тайёрии пеш аз сафар зикр намуданд, ки онҳо фаъолияти мунтазамро дар самти омодасозӣ ва интихоби шаҳрвандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин навсозии феҳристи умумии муҳоҷирон ба роҳ мондаанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо корфармоён ва ниҳодҳои дахлдор дар сатҳи баланд ҳамоҳанг гардида, самтҳои стратегии идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ муайян карда шаванд.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд:
1. Такмили механизмҳои тайёрӣ ва интихоби шаҳрвандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ;
2. Густариши омӯзиши касбӣ ва забонӣ пеш аз сафар барои кор дар хориҷ;
3. Таъмини ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон;
4. Таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
«Марказҳои тайёрии пеш аз сафар нақши муҳимеро дар беҳтар намудани омодагии муҳоҷирон барои кор дар хориҷи кишвар мебозанд. Мо таҷрибаи ҳамкорони ӯзбеки худро, ки бо дастгирии KOICA чунин муассисаҳоро таъсис додаанд, баланд арзёбӣ мекунем ва омодаем барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт чораҳои муштарак андешем» - иброз намуд, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод. Дар анҷоми боздид ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои муштарак ва мубодилаи таҷрибаҳо, ки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди шаклҳои қонунии шуғл ва таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон равона шудаанд, изҳор намуданд.