img
РАСОНАҲО ВА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ ҚАЗОҚИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН ДАР БОРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЛАКАҲО ТОҶИКИСТОН – 2026  МАТЛАБ НАШР КАРДАНД

Данғара, Тоҷикистон – Форуми байналмилалии малакаҳо «Тоҷикистон–2026», ки рӯзҳои 28–29 май дар Маркази рушди малакаҳои ноҳияи Данғара баргузор гардид, дар расонаҳои хабарӣ ва саҳифаҳои расмии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон инъикоси васеъ пайдо намуд.

 

Дар хабару гузоришҳои нашршуда аҳамияти форум ҳамчун майдони мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид гардидааст. Намояндагони муассисаҳои таълимии кишварҳои иштирокчӣ сатҳи баланди ташкили чорабинӣ, имкониятҳои муосири марказҳои рушди малакаҳо ва муҳити мусоиди ҳамкории касбиро арзёбӣ намуданд.

 

Форум бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ баргузор гардида, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти касбии як қатор давлатҳоро ба ҳам овард.

 

Дар доираи чорабинӣ озмунҳои касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ» баргузор шуданд. Бозтоби густурдаи форум дар фазои иттилоотии кишварҳои минтақа нишон медиҳад, ки « Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 ба як платформаи муҳими рушди малакаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

 

01.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ