img
ЭЪЛОН

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донандагони забони олмонӣ бо мақсади таҳсил ва пайдо кардани кор дар Олмон тибқи барномаи "Ausbildung" озмун эълон мекунад.

Талаботи довталабон барои супоридани имтиҳони забони олмонӣ инҳоянд:

  • Синну сол аз 18 то 25 сола;
  • Донистани забони олмонӣ дар сатҳи В1.

 

Барои омӯзиш ва кор дар Олмон ихтисосҳои зерин пешниҳод шудааст:

(district „Deggendorf“)

* Мехатроник оид ба нақлиёти автомобилӣ(тахассус: воситаҳои нақлиети тиҷоратӣ);

* Слесарь-монтажгари системаҳои санитария ва гармидиҳӣ;

* Насбкунандаи системаҳои гармидиҳӣ, вентилятсия ва кондитсионер;

* Фурӯшандаи хӯрокворӣ (маҳсулоти гӯштӣ);

* Фурӯшандаи хӯрокворӣ - маҳсулоти нонпазӣ (алтернативӣ: фурӯшанда дар нонвойхона / фурӯшандаи хӯрокворӣ (нонпазӣ);

* Механики саноатӣ;

* Ошпази қаннодӣ;

* Ёрдамчии идоракунии чакана (алтернативӣ: фурӯшандаи чакана / фурӯшанда);

* Монтажгари конструксияҳои гипсокартон (алтернативӣ: насбкунандаи гипсокартон / мутахассиси гипсокартон);

* Коргари баландихтисос дар сохтмони бино. Сохтмончии соҳибихтисос (сохтмони болозаминӣ, алтернативӣ: коргари сохтмон);

* Коргари соҳибихтисос дар сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, мутахассиси сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ;

* Электротехник оид ба энергетика ва технологияи сохтмон;

* Электротехник оид ба системаҳои энергетикӣ ва технологияи биноҳо (алтернативӣ: техник оид ба системаҳои барқии бино).

* Сангкор;

* Бетончӣ, коргари бетон ва оҳанбетон (алтернативӣ: мутахассис оид ба сохторҳои бетонӣ ва оҳану бетонӣ);

Сохтмони роҳ, коргари сохтмони роҳҳо (алтернативӣ: роҳсоз);

* Монтажгари қубур, қубурбандӣ (алтернативӣ: монтажгари қубур / муҳандиси қубур);

 

Инчунин барномаи таълими касбӣ ва кор мутобиқи он

(district "Traunstein")

  • Мутахассиси соҳаи тарабхона (Зебрук, Телангана);
  • Фурӯшанда-мушовир –мағозаи қассоб (Пляйскирхен, Мю);
  • Ошпаз (Зебрук, Телангана);
  • Ошпаз (Пляйскирхен, Мюнхен);
  • Ҳамшираи Тиббӣ (Бишофсвизен, Бгл).

 

Эъзо: Имтиҳонҳои қабул ба таҳсил ва кор дар охири моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

 

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо рақамҳои зерин дар тамос шавед:

 

Тел: +992006061371, +992977070100.

Email: surayo.musoeva@mail.ru; n.m.yusuf2204@mail.ru

 

16.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ