img
ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН - АФЗАЛИЯТИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди устувори ҷомеа ба неруи зеҳнӣ, эҷодӣ ва иқтидори наврасону ҷавонон такя мекунад, нақши ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ва кафили фардои дурахшони миллат беш аз ҳар вақти дигар намоён гаштааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатии ҷавонпарваронаро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати худ интихоб намуда, пайваста барои ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон, таҳкими маънавиёту ахлоқ, таҳсил, шуғл ва фаъолияти иҷтимоии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Дастгирии ҷавонон ин на танҳо як рукни муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат, балки изҳори эътимоди амиқи роҳбарияти кишвар ба неруи созандаи кишвар мебошад.

 

Дар Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо зикр гардидааст, ки давлат бояд барои ҷавононе, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кор мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварад. Ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо дар он аст, ки ҷавонон ҳамчун шахсони соҳибмаърифат, ватандӯст ва бомасъулият ба воя расанд ва дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ чандин барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати давлатии ҷавонон қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии тарбия ва дастгирии ҷавонон барои солҳои 2023–2027, ки ба рушди қобилиятҳо ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсиву иҷтимоии ҷавонон равона шудааст, имкон медиҳад, ки нақш ва мақоми ҷавонон дар раванди давлатдории миллӣ дастгирӣ ёбанд. Ҳамчунин, таъсиси Фонди дастгирии ҷавонон, Марказҳои рушди ҷавонон, Ҳаракати ихтиёрӣ ва Ҷоизаҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷавонони фаъол ва эҷодкор яке аз намунаҳои возеҳи таваҷҷуҳи давлат ба ин қишри муҳимми ҷомеа мебошанд.

 

Илова бар ин, дастгирии ҷавонон дар соҳаи илм ва технология низ афзалияти хос дорад. Эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” нишон медиҳад, ки роҳбарияти кишвар барои рушди илмии ҷавонон нақшаҳои дарозмуддат дорад. Маҳз бо ҳамин мақсад стипендияҳо, грантҳо ва курсҳои махсус барои ҷавонони болаёқат пешбинӣ шудаанд. Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба корҳои сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ низ, зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти кишвар қарор дорад. Имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон дар акасарияти сохторҳои давлатӣ фаъолият доранд.

 

Дар баробари ин, Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд бо маърифати баланд, ҳисси баланди миллӣ ва масъулиятшиносӣ тавсиф ёбанд. Зеро, танҳо чунин насли худогоҳу худшинос метавонад арзишҳои миллиро ҳифз намуда, дар замони ҷаҳонишавӣ муқовимати солим нишон диҳанд.

 

Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҷавонон ба зинаи сиёсати афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон, таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, худтакомулӣ ва фаъолияти созандаи онҳо ин ҳама аз сиёсати ҷавонпарваронаи давлат далолат медиҳанд.

 

Бояд гуфт, ки ин ҳама иқдомҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки роҳбарияти кишвар ба насли ҷавон ҳамчун пояи устувор ва ояндасози фардои дурахшони миллату давлат менигаранд. Маҳз дар партави чунин дастгирии фарогир ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифати мо дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста мегузоранд ва рисолати таърихии хешро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ бо сари баланд иҷро ва ҳифз менамоянд.

 

 

ФАРАНГЕЗИ ҶАМОЛИДИН

Мудири бахши иттилоотии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

22.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ