28 майи соли 2025, мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Булғористон Атанас Зафиров, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, доир гардид.
Зимни мулоқот С. Холмаҳмадзода доир ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти танзими раванди муҳоҷират, имкониятҳои кишвар оид ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа маълумот дода, ҷонибҳо вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳарду кишвар оид ба муҳоҷирати қонунӣ ва танзимшавнада, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар карданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Булғористон Атанас Зафиров оид ба норасоии қувваи корӣ дар Ҷумҳурии Булғористон ва эҳтиёҷи бозори меҳнат ба кадрҳои соҳаҳои сохтмон, туризм, роҳсозӣ ва дигар хизматрасониҳо андеша ронда, имкониятҳои кишварашро барои қабули кормандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ диққати махсус дода, бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудани бозори меҳнати Булғория аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии ҳамкории минбаъдаро бо назардошти манфиатҳои миллӣ қобили қабул ҳисобиданд.