img
МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАН-МОДАР ДАР ҶОМЕА

Пешвои муаззами миллат оид ба баланд бардоштани мақоми занону бонувон кишварамон иброз доштанд, ки занон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нақши бонувону духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа қадрдонӣ мекунанд.

 

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025)  ҳамчун  санади ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Ҳамин тавр, Паём бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба пуррагӣ ифода ва инъикос менамояд.

 

Хурсандибахш аст, ки дар симои занон миллати тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносад. Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки занону бонувони иззатманди тоҷик имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ маҳбубият пайдо намуданд. Дар ҳамин замина соли 2019 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз бонувони сиёсатмадори тоҷик Озода Раҳмон сафири созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) дар Тоҷикистон таъйин гардид.

 

Бо дарки муҳимияти масъала аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 бону аъзои Ҳукумат, 5 кас ба ҳайси роҳбари мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 тан аз онҳо дар вазифаи раиси шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият доранд.

 

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ тамоми имконияту шароитҳоро ба хотири дастгирии ин қишри осебпазири ҷомеа ва роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.  Ҷолиби қайд аст, ки дар ҷумҳурӣ 116 доктори илм ва 1124 номзади илм аз ҳисоби занон мебошад. Ҳамзамон, 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ аз ҳисоби занон ва қариб 40 фоизи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳуриро духтарон ташкил медиҳанд.

 

Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин, масъалаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардони онҳо» аз 1-уми марти соли 2005, №89; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 –декабри соли 1999, №5; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19-уми апрели соли 2001, №199; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асоси сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» аз 8-уми августи соли 2001, № 391; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» аз моҳи сентябри соли 1998; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Консепсияи рушди оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» барои солҳои 2017-2022; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006-2010» аз 4-июли соли 2006, №307; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29 майи соли 2010; Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул гардиданд.

 

Қобили тазаккур аст, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2023-2028” низ ба тавсиб расид.

 

Дар воқеъ, қабули ин санадҳои муҳим ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд. Аз дигар тараф санадҳои меъёрии ҳуқуқи зикршуда барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд. Занону бонувони тоҷик аз он ифтихор мекунанд, ки зимни аксарияти кулли суҳбату вохӯриҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин, дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошанд. Изҳори нигарони карда, ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои созгор ва арзандаи паҳлуҳои гуногуни кору фаъолияти занон таклифу пешниҳодҳои мушаххасу асоснокро ба миён мегузоранд. Ҳамасола ба муносибати таҷлили Рӯзи модарон дар маросими бошукуҳи расмӣ суханронӣ намудани Пешвои миллат гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

 

Яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибиистиқлолии давлатӣ дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани квотаи Президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар макатбҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон бевосита фаъолият дошта бошанд. Имрӯз теъдоди ҳарчи бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.

 

Имрӯз зан-модар нерӯи тавонои ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамзамон дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар баробари мардон меҳнати софдилона менамоянд. Роҳбари давлат нисбати ин қишри ҷомеа баҳо дода қайд менамояд:  “Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробар ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандон  боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд”.

 

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия ва барои муҳокимаю тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Ин санади тақдирсоз баъди тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ҳамовозию дастгириро пайдо карда, амали он тақвияту иҷро гардида истодааст.

 

Таҳлили сифру рақамҳои боло далели возеҳи онанд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ва аз ҳама муҳим дар заминаи амали сохтани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор, ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои муносиб ва имкониятҳои арзанда барои боло рафтани мавқеи зан дар ҷомеа фароҳам оварда шудаанд, ки онҳо назир надоранд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд. Ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад.

 

Дар ин росто, дар Паёми имсола (16.12.2025) ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон дар ҷои аввал гузошта, қайд карданд, ки мо ифтихор дорем.

 

Бо боварии том изҳор доштанд, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ дода, 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.

 

                                         

Хоҷаев Ҳ.З.-сармутахассиси шуъбаи таълимӣ-методии

Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони

 низоми меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»

07.03.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ