ҲАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
https://www.facebook.com/share/p/18iSnDkMFi/
Санаи 20 майи соли 2026 бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказии Вазорат ҳамоиши дастовардҳои ҷавонони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои давлатии назди вазорат иштирок намуданд.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангинмурод ҳузури меҳмононро истиқбол гирифта, нахуст меҳмонон бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” шинос шуда, аз рафти машғулиятҳо дар синфхонаҳо дидан намуданд.
Норзода Шариф зимни суханронии худ қайд намуд, ки боиси сарфарозӣ ва саодати бузург аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро ҳамчун неруи фаъолтарин ва пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ 16 декабри соли 2025 баён доштанд, ки “Ҷавонони мо нерўи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем”. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда дошта, масъалаи рушди сармояи инсонӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнатро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ мешуморад.
Инчунин, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ зимни суханрониҳояшон иброз доштанд, ки Роҳбари давлат дар вохурӣ бо ҷавонони кишвар як нуқтаи муҳимро ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузургу пешбаранда алоқамандии қавӣ дорад Ҷавонони мо бояд донишомӯз, соҳибкасб, ташаббускор, масъулиятшинос ва ба давлату милати хеш содиқ бошанд.
Бо ин хотир, дар идомаи маҷлис маърӯзачиён доир ба дастовардҳои ҷавонони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар даврони Истиқлолият, дар мавзуъҳои “Дастовардҳои ҷавонони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат”, “Касбомўзӣ омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” ба музокира баромада, бо эътимоди комил бо боварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Сарвари муаззами миллат изҳори сипос намуда, ёдовар шуданд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти мо ҷавонон аст ва ояндаи ин миллати сарбаландро танҳо мо ҷавонон метавонем бо неру, ақлу заковати қавӣ, донишу малакаи ғанӣ барои наслҳои оянда созанда ва бунёдгузор бошем.
Дар фарҷом, аз номи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор ҷавононе, ки дар корҳои сиёсию ҷамъиятӣ иштироки фаъолона ва саҳми беандоза доранд, қадрдонӣ карда шуд.