img
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Санаи 6 сентябри соли 2025 бахшида ба 34 – солагии Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои он ва собиқадорони соҳаи  меҳнат иштирок намуданд. 

 

Маҷлиси тантанивиро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.  Холмаҳмадзода С. зимни суханронӣ аз дастовардҳои замони истиқлол, фидокориву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  ёдовар шуда, қайд намуд, ки  Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин арзиш ва асоситарин ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Зикр карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва ҳунармандӣ рушд карда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқи ин соҳаҳо такмил ёфт. Дар кишвар зиёда аз 3 млн. 716 ҳазору 985 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, беш аз 1 млн. 182 ҳазору 580 нафар бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд. Дар муассисаҳои таълими касбии низоми вазорат 485,9 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ройгон аз тайёрии касбӣ гузаштанд. Ҷиҳати таъмини босифати хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ба роҳ мондани касбомӯзии аҳолӣ 19 биноҳои маъмурӣ сохта ба истифода дода шуданд.

 

Доираи ҳамкорӣ бо шаркони рушд тақвият ёфта, дар вазорат якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар институтҳои молиявӣ  татбиқ шуда истодааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, 6 маркази наву замонавии муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва ноҳияҳои Данғара ва Восеъ сохта ба истифода дода шуданд.

 

Ҳамзамон, доираи амали лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”, ки аз соли 2023 амалӣ гардида истодааст,  барномаи “Системаи ягонаи миллии иттилоотии бозори меҳнат (LMIS)” таҳия  ва мавриди амал қарор дода мешавад. То ба имрӯз Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои гузаштан ба низоми рақамии хизматрасонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуда, раванди таҳияи низоми иттилоотии бозори меҳнат идома дорад.

 

Дар идомаи чорабинӣ собиқадорони соҳа – собиқ муовинони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Латофат ва Ашуров Субҳон суханронӣ намуда, аз хотироти хеш дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, нақши вазорат ва сохторҳои он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, мусоидат дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, таъсиси ҷойҳои корӣ, касбомӯзии аҳолӣ ва ояндаи рушди ҷумҳурӣ ба ҳозирин маълумоти муфид доданд.

 

Дар чорабинӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони фаъоли вазорат ва сохторҳои он бо мукофотҳои соҳавӣ – нишони сарисинагии Аълочии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ифтихорнома ва сипосномаи вазорат, сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Ҳамчунин, дар вазорат ва сохторҳои он бахшида ба  ҷашни мазкур барои соҳиб шудан ба Ҷоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш баргузор шуда, дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон туҳфаҳо супорида шуданд.

06.09.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ