Имрӯз 17 уми январи соли 2024 ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, муовинон, намояндагони дахлдори вазорату идора, кумита ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Лоиҳа аз тарафи Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ гардида, барои беҳбудии низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Созишномаҳои грантии №0714-TAJ ва 9207-TAJ оид ба маблағгузории лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд санаи 21 октябри соли 2020 ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2021 ба тасвиб расонида шудаанд.
Фаъолияти лоиҳа аз 1 феврали соли 2021 оғоз гардида, анҷомёбии он 30 сентябри соли 2026 дар назар дошта шудааст. Дар ҷаласа масъалаҳои рафти татбиқи лоиҳа, раванди азхудкунии маблағҳо ва нақшаи кори кумита барои нимсолаи якуми соли 2024 баррасӣ шуданд.