Санаи 7 апрели соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон Уве Гартеншлагер мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманду тулонӣ дар самти рушди бозори меҳнат ва касбомӯзии шаҳрвандон таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуда, самтҳои афзалиятнокро муайян ва барои амалӣ намудани онҳо умедворӣ карданд.