img
ВОХӮРИИ СУДМАНД

17 июли соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои вазорат бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар вазорат таҳти роҳбарии муовини вазир Қиёмиддин Давлатзода вохӯрии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким ташкил карда шуд.

 

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкурро 16 апрели соли 2008 эътироф намуд.

 

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда ба он мувофиқ гардонида шуданд. Ҳамин гуна заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мубориза бо коррупсия таҳия гардида, ба як қатор санадҳои дигар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

 

Айни замон дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода истодаанд.

 

Аз ҷумла, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои муайян амалӣ шуда истодаанд, ки тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯистифода аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба нақша гирифта шуданд ва мавриди амал қарор доранд.

 

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» таҳлили хавфҳои коррупсионӣ гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирии бархӯрди манфиатҳо мунтазам чораҷуйӣ карда мешавад.

 

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунадаро бо мисолҳои оддӣ, ки як амали ночиз ва назарногир метавонад боиси даст задан ба коррупсия гардад, ба иштирокчиён фаҳмонида, аз оқибатҳои он ёдовар шуд. Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд.

17.07.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ