img
Вохурии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф  (DARYA)

Санаи 16 январи соли 2024  вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф  “DARYA – Муколама ва амал барои ҷавонони соҳибихтисос дар Осиёи Марказӣ”  баргузор гардид, ки дар заминаи он баррасии равандҳои ҷорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, омӯзиш ва бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муҳокимаи ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои амалкунандаи байналмилалӣ дар кишвар, ба вижа лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва кумаки техникии пешбинишуда барои соли 2024 мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.


Дар рафти вохӯрӣ, маълумот ва пешниҳодҳои дахлдор роҷеъ ба ташаббусњои минбаъда, рушд ва тақвияти ҳамкориҳо байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди аврупоии маориф  “DARYA – Муколама ва амал барои ҷавонони соҳибихтисос дар Осиёи Марказӣ” манзур гардида, мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор дода шуданд.

 
Вохӯрӣ дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.

16.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ