img
ПАЁМ ВА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ

“Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардидааст”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, санади муҳим барои муайянсозии самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва роҳнамо барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад. Дар Паёми худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба масъалаи таъмин кардани шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Пешвои миллат қайд карданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад.


Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд. Тазаккур бояд дод, ки масъалаи бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолии мамлакат таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Дар робита ба ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2022, №263 Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул шуд.


Консепсияи мазкур бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он сиёсат дар соҳаи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятҳои асосии рушди кишвар муқаррар гардидааст, таҳия шудааст. Дар Консепсия мафҳуми “шуғли пурмаҳсул” ҳамчун шуғле, ки ба корманд ё ба шахсони дар парастории ӯ қарордошта зиндагии сазоворро таъмин мекунад, дарҷ гардидааст. Шуғли пурмаҳсул якҷо бо афзоиши маҳсулнокии меҳнат, сатҳи муносиби музди меҳнат, дастрасии васеъ ба таъминоти иҷтимоӣ, инчунин шароити бехатари меҳнат баррасӣ гардида, ҳамчун масъалаи алоқамандии рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон чун омили муҳимму самаранок дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ҳисобида мешавад ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шуғли пурмаҳсул ва меҳнати шоиста ҷузъҳои ҷудонопазиранд.

Чуноне ки зикр намудем, яке аз тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ин сатҳи муносиби музди меҳнат мебошад. Агар 5 соли охирро таҳлил намоем, дар ин давра, музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ беш аз 1,8 баробар зиёд гардид. Дар ин радиф, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи июли соли гузашта маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуда, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд гардид.

Ҳамзамон, дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.

Инчунин, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Ин ташаббусҳои Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии консепсияю барномаҳои давлатӣ дар самти таъминсозии аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад. Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст:


- васеъ намудани соҳаҳои шуғли пурмаҳсул;
- донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул;
- рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул;
- ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат;
- шарикии иҷтимоӣ.

Ҷиҳати татбиқи босамари Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ барои давраи то соли 2040, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 419 Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул гардид. Барнома тадбирҳои муҳим, аз ҷумла, гуногунсамтсозии соҳаҳои иқтисодиёт, баланд бардоштани сифати захираҳои меҳнатӣ, коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, такмил додани фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, такмил додани механизмҳои татбиқи тадбирҳои фаъоли сиёсати мусоидат ба шуғл, шарикии иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар бар мегирад, ки барои амалисозии ҳадафҳои Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар давраи ҳадафӣ мусоидат менамояд.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳамчун сохтори таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳоро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

 


Умед Муродзода,
муовини директори Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ

06.01.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ