img
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ҲУНАРМАНДӢ

27 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа аъзоёни Шуро аз вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Тибқи рӯзномаи Шуро рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” дар соли 2025 баррасӣ гардида, Нақшаи кори Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ гардид.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳунармандӣ, ки бениҳоят муҳим ва парвардаи даврони Истиқлоли давлатдории мост, бо сиёсат ва ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушду нумуъ ёфта истодааст.

 

Солҳои охир, ҷиҳати ба низом даровардани соҳаи ҳунармандӣ ва муайян кардани самти сиёсат аз ҷониби вазорат санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ омода ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, мавриди корбарии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуданд.

 

Аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Шуро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ”, “Дар бораи Номгӯи касбҳои ҳунармандӣ”, “Дар бораи Низомномаи намунавии мактаби устод - шогирд” ва  “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” ба ҳисоб мераванд. Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии сиёсати  давлатӣ оид ба ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.

 

Шурои мазкур дар назди МИҲД вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият дошта, ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ дар сатҳи маҳал корбарӣ менамояд. Дар фарҷоми ҷаласа ба аъзоёни Шуро аз вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба Нақшаи кори Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2026 супоришҳои мушаххас дода шуд.

28.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ