Рӯзҳои 30, 31 январи соли 2024 гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии муовини вазир Ализода Алишер дар ҳайати сардорони раёсатҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, котибот, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират, муовини директори МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, сармуҳандиси МД “Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ” сардорони раёсатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои талаботи банди 18 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2023, №12 ҷиҳати баргузор намудани корҳои фаҳмондиҳӣ оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сафар намуданд.
Чорабиниҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, рӯзи 30 январ дар ҷамоатҳои И. Ниёзов, Заркамар ва У. Назаров, рӯзи 31 январ дар ҷамоати шаҳраки Қубодиён, ҷамоатҳои деҳоти 20-солагии Истиқлол, Носири Хусрав, Тахти Сангин ва Навобод баргузор гардид.
Дар мувофиқа бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бинобар ба вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани нақшаи корҳои фаҳмондадиҳии вазорат дар чорабиниҳо вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъматулло, роҳбарияти ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати сафарбаршудаи вазорат тибқи нақшаи баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки аз 19 январи соли 2024 ба тасвиб расидааст, дар баробари чорабинии муштарак бо вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, инчунин зимни боздид аз иншооти ҷашнӣ бо сокинони маҳаллаҳо ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат гузарониданд.
Ба масъалаҳои дастгирии соҳикорони маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти молу маҳсулот, рушди сармояи инсонӣ, касбомӯзии аҳолӣ, бокортаъминкунӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пурра гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ободу зебо кардани хонаву дари худ, кӯчаву маҳалла ва ҷамоатҳо, ободонии канори роҳҳои автомобилгард, риояи талаботи қонунгузорӣ ва дигар мавзуъҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, занон, варзиш, сайёҳи ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат даъват ба амал оварда шуд.
Иштирокчиёни чорабиниҳо - аҳолии касбу кори гуногун бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.