Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 16 Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки бо Амри Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 тасдиқ шудааст, аз аввали соли ҷорӣ Низомномаи баргузории Фестивал – озмуни “Беҳтарин армуғон” – ро таҳия ва тасдиқ намуда, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум ва дуюми он дар сатҳи ноҳия, шаҳр, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз охири моҳи март то ин давра чораҳои амалиро роҳандозӣ намуд.
Даври ниҳоии фестивал-озмуни мазкур 13 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и пойтахт баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани фестивал - озмуни мазкур мусоидат дар рушди ҳунари армуғонсозӣ, муаррифии намудҳои гуногуни босифат ва ташаккули шакли нави маҳсулоти армуғонӣ, муайянсозии тамоюлҳои нав ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ бо ифодаи рамзҳои миллии тоҷикӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.
Фестивал-озмун дар байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ду давр аз рӯйи 5 номинатсия: “Армуғони этнографӣ”, “Армуғони сайёҳӣ”, “Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ”, “Армуғон-бозича”, “Армуғони минтақавӣ” гузаронида шуда, ба даври ниҳоӣ зиёда аз 100 нафар ғолиби даврҳои якум ва дуюм намунаи беҳтарини ҳунарҳои дастии худро пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби ҳунармандон, ҳамчунин, ҳунарҳои кашидадӯзӣ, кундалнигорӣ, бофандагӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, аъҷубасозӣ, коркарди санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо маҳсулоти ҳунармандии ба озмун пешниҳодшударо баҳогузорӣ намуда, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмун ба вазорату идораҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.