img
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

1. Сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 5208 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2. Сармутахассиси раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё муҳосибӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2436 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3. Сармутахассиси раёсати молия, таҳлил ва дурнамо – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии молиявӣ, иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2436 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

4. Сармутахассиси раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2436 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5. Сармутахассиси матбуоти шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти раёсати котибот - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии рузноманигорӣ, филологӣ ва дигар ихтисосҳои гуманитарии ба мансаб мувофиқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2436 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

6. Сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ ва иҷрои буҷети раёсати молия, таҳлил ва дурнамо - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2436 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

7. Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо;- 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1983 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

8. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати котибот;- 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, филологӣ, омузгорӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои гуманитарии ба мансаб мувофиқ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1983 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

9. Сармутахассиси мониторинг оид ба муҳоҷирати меҳнатии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- донистани забони русӣ ҳатмӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ);

- ба собиқа ва таҷрибаи корӣ дар соҳа афзалият дода мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ мувофиқи басти вазифаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират.

10. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- донистани забони русӣ ҳатмӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ);

- ба собиқа ва таҷрибаи корӣ дар соҳа афзалият дода мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ мувофиқи басти вазифаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ҳарбӣ, РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), рақами РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ), маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ), маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад; (объективка).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 16 октябри соли 2024 қабул карда мешаванд.

 

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2,

индекс: 7340262, (992 37) 250-32-34.

 

НОМГӮИ

саволҳо ҷиҳати истифода ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Чумҳуриии Тоҷикистон

1.Саволҳо оид ба Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон

1. Маълумоти умумӣ дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабул, ворид намудани тағийру иловаҳо, таркиби Конститутсия).

2. Дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (боби якуми Конститутсия).

3. Аркони (унсурҳои) давлатдории Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд.

4. Мафҳуми «давлати дунявӣ» шарҳ дода шавад.

5. Мафҳуми «давлати ягона» шарҳ дода шавад.

6. Мафҳуми “давлати иҷтимоӣ”-ро тибқи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.

7. Шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд (моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумот дар бораи тасдиқи рамзҳои давлатӣ).

9. Маълумоти умумӣ дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10. Маълумоти умумӣ дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

11. Маълумоти умумӣ дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12. Ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доро мебошад?

13. Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

14. Масъалаи арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

15. Дар бораи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

16. Дар моддаи чанди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ сухан меравад.

17. Ҳуқуқ ба муроҷиати шаҳрванд ба мақомоти давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

18. Маълумоти умумӣ дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

19. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя шарҳ дода шаванд.

20. Субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд (моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

21. Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси миллӣ маълумот пешниҳод карда шавад.

22. Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси намояндагон маълумот пешниҳод карда шавад.

23. Маълумоти умумӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

24. Асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии пешниҳоди (ироаи) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Саволҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» шарҳ дода шавад.

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад.

3. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

4. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №272, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2009, №553, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

6. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

7. Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ номбар карда шаванд.

8. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ».

9. Намудҳо ва шаклҳои муроҷиат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ».

10. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ».

11. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия».

12. Маълумоти мухтасар оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030.

13. Маълумоти умумӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №55 «Дар бораи иттилоот» (кадом муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим карда мешаванд).

14. Оид ба пешбурди коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ маълумот пешниҳод карда шавад (санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва шарҳи мухтасари онҳо).

15. Мафҳуми «ҳукумати электронӣ» шарҳ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа номбар карда шаванд.

16. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011, №702 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ».

17. Маълумоти умумӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1414 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

18. Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1414 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

19. Санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

20. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

21. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ».

22. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003, №44.

24. Дар бораи сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12).

25. Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5).

3. Саволҳои соҳавӣ

1. 1. Дар бораи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед.

2. 2. Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар диҳед.

3. 3. Муҳоҷират чист?

4. 4. Муҳоҷири меҳнатӣ кист?

5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ кадомҳоянд?

6. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишнома оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дорад?

7. Принсипҳои асосии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ кадомҳоянд?

8. Репатриатсия ва реинтегратсия чист?

9. Меъёрҳои меҳнат чист?

10. Ҳоло музди меҳнати ҳадди ақал чанд сомониро ташкил намуда ва аз ҷониби ки муайян карда мешавад?

11. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро номбар кунед?

12. Кадом намудҳои рухсатиҳои меҳнатиро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст? Ҳадди камтарини рухсатии меҳнатӣ чанд рӯз аст.

13. Сохтори сабади истеъмолиро номбар кунед?

14. Сатҳи зиндагӣ чист?

15. Давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ ба ки муқаррар карда мешавад ва музди меҳнати онҳо кам карда мешавад ва ё не?

16. Ҳангоми таҳлили вазъи бозори меҳнат кадом нишондиҳандаҳо истифода мешаванд?

17. Мафҳуми ҳифзи меҳнатро шарҳ диҳед?

18. Уҳдадории корфармо дар самти ҳифзи меҳнат.

19. Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

20. Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон тибқи кадом санадҳои меъерии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд?

21. Коллективи меҳнатӣ чист?

22. Мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро шарҳ диҳед.

23. Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва тартиби ҳисобу пардохти он шарҳ дода шавад.

24. Мафҳуми шуғл ва бозори меҳнат чист?

25. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои кадом шурои Кумитаи иҷроияи ИДМ мебошад?

4. Саволҳои дигари умумӣ

1. Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир кадом озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ карда мешаванд?

2. Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 шарҳ дода шаванд.

3. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо кадом мақсадҳо баргузор мегардад?

4. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» бо кадом мақсадҳо

баргузор мегардад?

5. Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маълумот пешниҳод карда шавад.

6. Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599).

7. Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005).

8. Дар бораи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332) маълумот дода шавад.

9. Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642).

10. Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кадом мақсад ноил шудан равона гардидааст?

11. Иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати электронӣ ба ҳалли кадом вазифаҳо кӯмак менамояд?

12. Кадом омилҳои ташаккулдиҳандаи ҳукумати электрониро медонед?

13. Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №167).

14. Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166).

15. Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 -2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204).

16. Дар бораи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва марҳилаҳои татбиқи он маълумот диҳед (қарори Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636).

17. Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» марҳилаи аввал (солҳои 2023-2025) маълумот пешниҳод карда

шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482).

18. Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

19. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро шарҳ диҳед.

20. Дар бораи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумот пешниҳод карда шавад.

21. Дар бораи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шавад.

22. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23. Маълумоти умумӣ дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

24. Дар бораи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

25. Маълумоти умумӣ дар бораи муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси

Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо

09.10.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ