6 марти соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ доир ба шарҳу тавзеҳи “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ” бо ҳузури намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Меҳриддин ва иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.
Холзода Меҳриддин қайд намуд, ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қоидаҳои рафтори хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, риояи талаботи он аз ҷониби хизматчии давлатӣ ҳатмист.
Кодекси мазкур ба принсипҳои хизмати давлатӣ - қонуният, ҳимояи шаъну шараф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, поквиҷдонӣ, таҳаммулпазирӣ, инчунин риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" асос ёфта, хизматчии давлатй вазифадор аст, ки дар фаъолияти касбии худ ҳамон тавре амал намояд, ки ба қобилияти ӯ шубҳа пайдо нашавад.
Бовиҷдонона ва беғаразона кор карда, ба шаъну шараф ва обрӯю эътибори хизматчии давлатӣ иснод наоварад. Инчунин, дар муносибат бо шаҳрвандон ҳамкасбон ва дигарон муомилаи хуб дошта бошад.
Холзода Меҳриддин қайд намуд, ҳар як корманд ҳангоми адои вазифаи хизматӣ бояд боадолат бошад. Зимни амалӣ намудани ваколатҳои худ ҳуқуқ надорад, ки дар асоси мансубияти сиёсй, динй, ҷинсӣ, забонӣ, нажодй ва дигар сабабҳо ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва ё имтиёз диҳад. Дар фарҷоми омӯзиши идоравӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.