img
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат 28 апрели  соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби муовини вазир – Ашурализода А. А. ифтитоҳ бахшида шуд. Дар чорабинии мазкур  намояндагони вазорату идораҳо, шарикони иҷтимоӣ, Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, Хадамотҳои назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ, роҳбарон ва масъулини ҳифзи меҳнати корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, маориф,  кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ширкат намуданд.

 

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии коргарон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалб намудани диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муҳофизати меҳнат ва бехатарии кормандон аз соли 2003 инҷониб бо ташаббуси Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, рӯзи 28 апрел расман, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат эълон гардид, ки то ин замон бештар аз 100 давлати ҷаҳон ин санаро ҳамасола таҷлил менамоянд.

 

Ҳадафи баргузорӣ ва таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии  ҳифзи меҳнат  ба  таъмини пурраи шароити дахлдори бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар   ҷойҳои корӣ, бехатарии кормандон дар истифодаи бино, иншоот, таҷҳизот, раванди технологӣ, ашёи хом ва маводи дар истеҳсолот истифодашаванда, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон, риояи низоми меҳнат ва истироҳати кормандон, гузаронидани хизматрасониҳои санитарию маишӣ ва муолиҷавию профилактикии кормандон мутобиқи талаботи ҳифзи меҳнат аз ҳисоби корфармо, бо сару либос ва пойафзоли махсус таъмин намудани кормандон, муҳайё намудани шароити мусоиди маишӣ, таъмин намудан бо имтиёзҳои пешбинигардида, риоя намудани ҳуқуқҳои занон, ноболиғон, таъсиси Хадамоти ҳифзи меҳнат, таъмин намудани ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо, ҷорӣ намудани низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба он  равона гардидааст. Тибқи маълумоти Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат, ҳамарӯза дар ҷаҳон  7-8  ҳазор нафар корманд  аз ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор мефавтанд, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби таъмин накардани бехатарии меҳнат дар ҷойи кор ин сарфа намудани хароҷотҳои молиявӣ аз ҷониби корфармоён маҳсуб мешавад.

 

Вабаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқоташон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (24 октябри соли 2019) қайд намуданд, ки “ҳодисаҳои нохуш, аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад” ва “Зарур аст, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот, аз он ҷумла, прокуратура назорати масъалаҳои мазкурро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монад.

 

Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегарданд, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад”. Ҳамасола Рӯзи ҳифзи меҳнат ба як мавзуъ бахшида мешавад, дар соли 2026 он мавзӯи "Табодулот дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ: Нақши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ дар ҷои кор" фаро гирифт.

 

Дар рафти чорабини намояндагони вазорату идораҳо - К.Сангинов -    Сарнозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Мирзоев -  Муовини якуми раиси  Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, У.Муродзода - муовини директори  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ВММ ва ШАҶТ, З.Олимӣ - сардори раёсати илмию техникии  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, С.Мустафоқулов  -   сармуҳандиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъмории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, С.Хоркашов - сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии”, М.Одинаев - сардори шуъбаи арзёбии санҷишҳо, масъалаҳои техникӣ ва техникаи бехатарии Агентии назорати давлатии энергетикии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ф.Муҳаммадзода - сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифз иҷтимоии аҳолии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ш.Рустамов - мутахассис оид ба кадри Бозрасии назорати давлатии  техникаи кишоварзии  вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тољикистон, Р.Комилов - сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати   Филиали ширкати “Вибилд” С.п.А дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзода М. - сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати ҶСП Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Талко Голд” доир ба масъалаҳо гуногуни самти мазкур бо маърӯзаҳо баромад намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини ҳифзи меҳнат ва кафолатҳои иҷтимоии кормандон пешниҳодҳо манзур намуданд.

 

Дар анҷоми чорабинӣ як зумра идораю корхонаҳо бо инобати фаъолияти пурсамар ва гузоштани саҳми арзанда дар таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат, таъмин намудани ҳифзи меҳнат, фароҳамоварии шароити бехатари меҳнат, ҷорӣ намудани низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон дар раванди меҳнат, бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” бо сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.  

 

28.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ