Пешгирии экстремизми хушунатомез имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. 12 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки метавонад ба терроризм оварда расонад, таҷлил гардида, ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳкими тадбирҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва устувории иҷтимоӣ даъват менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сиёсати пайгирона ва муназзами пешгирикунандаро амалӣ менамояд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «терроризм ва экстремизм вабои аср буда, барои амният ва суботи кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд» ва ҳамзамон зарурати аз байн бурдани сабабу омилҳои иҷтимоии ин падидаҳоро муҳим арзёбӣ кардаанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки омилҳои иҷтимоӣ, аз қабили бекорӣ, ноустувории иқтисодӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ метавонанд заминаи мусоид барои паҳншавии ғояҳои ифротӣ гарданд. Аз ин рӯ, фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмини шуғли пурмаҳсул, рушди касбомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ равона шудааст, дар асл ҷузъи муҳими сиёсати давлатии пешгирии экстремизм ба ҳисоб меравад. Фаъолияти Вазорат дар ин самт дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021–2025 роҳандозӣ гардида, барои соли 2025 нақшаи мушаххаси чорабиниҳо тасдиқ ва амалӣ карда шудааст.
Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2025 аз ҷониби сохторҳои Вазорат 27 курси такмили ихтисос ва 6 семинари омӯзишии мақсаднок баргузор гардида, дар онҳо 845 нафар хизматчии давлатӣ иштирок намуданд. Дар доираи барномаҳои таълимӣ 15 соати академӣ махсус ба масъалаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм бахшида шуда, масъалаҳои радикализатсия, роҳҳои ҷалби ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва нақши кормандони давлатӣ дар пешгирии барвақтии чунин зуҳурот мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо ба таҳкими масъулияти касбӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии кадрҳо мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти аҳамияти шуғл ҳамчун омили муҳими суботи иҷтимоӣ, тадбирҳои вобаста ба касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва мутобиқсозии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла шахсоне, ки аз минтақаҳои низоъ баргардонида шудаанд, идома доранд. Таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва даромади устувор имконият фароҳам меорад, ки онҳо худро узви фаъоли ҷомеа эҳсос намуда, аз таъсири андешаҳои харобиовар дур бошанд. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кори доимӣ бошанд, зеро шуғл ва зиндагии шоиста беҳтарин воситаи пешгирии ҳар гуна андешаҳои ифротӣ мебошад.
Бо дарназардошти нақши муҳоҷирати меҳнатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон низ тақвият дода шудааст. Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия дар соли 2025 83 вохӯрӣ ва машварат баргузор намуда, 157 маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст. Дар ҷараёни ин вохӯриҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирон, хавфҳои таблиғоти ифротӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ шарҳ дода шуданд, ки ба паст гардидани сатҳи осебпазирии онҳо мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, пешгирии экстремизм ва терроризм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, як раванди фарогири иҷтимоӣ мебошад. Тавассути шуғл, маърифат, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳамоҳангии байниидоравӣ метавон заминаҳои иҷтимоии ифротгароиро коҳиш дод. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва таҳкими амнияти миллӣ фаъолияти худро тақвият хоҳад дод.
С. Аскарзода
Сардори раёсати ҳуқуқ
ва сиёсати кадрҳо