img
МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДЕҲИ БОЛО

Имрӯз 16 уми марти соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби аъзои Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Меҳнат” дар маҳаллаи Деҳи Болои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор карда шуд. Дар баробари корҳои тозаву озодакунӣ, инчунин дар ҳудуди маҳаллаи мазкур зиёда аз 100 бех ниҳоли арча ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шинонида шуд.

 

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа муовинони вазир ва сардорони хадамотҳо ва Агентӣ низ иштирок доштанд. Маъракаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри сарзабзу хуррам гардонидани гирду атрофи биноҳо ва кӯчаю хиёбонҳо амалӣ карда шуд.

16.03.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ