Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии сиёсати инсондӯстона ва сулҳпарваронаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Стратегияи танзими раванди муҳоҷират Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 оид ба диверфикатсия (дигаргунсамтии муҳоҷират) муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст. Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо 15 давлати қабулкунандаи қувваи корӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея аз 31 октябри соли 2024 ва ҳамкориҳои Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкуни дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази «EPS center»-и HRDK (хадамоти рушди захираҳои инсонӣ) Корея, бо мақсади бо кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон дар Корея дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Маркази “EPS Center”-и Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тибқи қоидаҳои «EPS center»-и Корея шаҳрвандон ду марҳилаи имтиҳони «EPS Topik»: 1. донистани забони кореягӣ, 2. Санҷиши маҳорат (Skill test) гузаронида мешавад. Пас аз гузаштан аз санҷишҳо маълумоти шаҳрвандон дар маҳзани портали корҷӯёни Корея яъне барномаи SPAS ҷойгир карда шуда, аз ҷониби корфармоёни кореягӣ интихоб карда мешаванд. Баъд аз бастани шартномаи корӣ бо корфармои кореягӣ ба муҳоҷир раводиди кории Е-9 ба муҳлати то 5 сол дода мешавад. Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентӣ ва HRDK марҳилаи 1-ум санаи 27 уми майи соли 2025 имтиҳони EPS Topik дар самти донистани забони кореягӣ дар соҳаи кафшергарӣ гирифта шуда, дар он 35 нафар иштирок намуда, 26 нафари онҳо аз имтиҳон бомаваффақият гузаштанд.
Марҳилаи 2-юми имтиҳони EPS Topik дар самти истеҳсолот дар санаи 2 ва 3-юми августи соли 2025 барпо гардида, дар он 228 нафар иштирок намуда, 40 нафарашон аз ҳар ду марҳилаи имтиҳон бомуваффақият гузаштанд. Айни ҳол дар соли 2025 аз марҳилаи 1-уми имтиҳон дар самти кафшергарон 26 нафар ва марҳилаи 2-юм дар самти истеҳсолот 32 нафар дар маҷмуъ 58 нафар ба маҳзани портали корҷуён SPAS ворид карда шудаанд. Айни ҳол 3 нафари он аз ҷониби корфармои кореягӣ интихоб гардида, ба Корея сафарбар карда шуд.
Ҳамкорӣ тариқи барномаи давлатии EPS
Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея (HRDK) як созмони ҳукуматӣ дар назди Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея мебошад, ки тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Корея бо мақсади дастгирии омӯзиши коргарон, омӯзиши малакаҳои касбӣ, имтиҳонҳои тахассусӣ, барномаҳои пешбурди маҳорат ва мусоидат ба шуғл таъсис ёфтааст. Хадамот соли 1982 таъсис ёфтааст. Чуноне, ки маълум аст Кореяи Ҷанубӣ яке аз давлатҳои аз ҷиҳати истеҳсолот пешрафта мебошад, ниёз ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дорад ва системаи ҷалби қувваи корӣ тариқи барномаи давлатии EPS аз хориҷи кишварро ба роҳ мондааст. Вазифаи асосии ин система ба таври қонунӣ ба кор ҷалб кардани коргарони хориҷӣ буда, бо давлатҳои ирсолкунанда шартномаи байнидавлатӣ ба имзо расонида мешавад.
Аз замони таъсисёбӣ дар ин система 16 давлати дунё аз қабили Филиппин, Монголия, Шри-Ланка, Ветнам, Таиланд, Узбекистон, Покистон, Индонезия, Камбоджа, Хитой, Бангладеш, Қирғизистон, Непал, Миянма, Тимори Шарқӣ ва Лаос аъзо буданд ва 17-умин давлати аъзошуда Тоҷикистон мебошад. Аз санаи ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея аз 31 октябри соли 2024 то ин дам наздики як сол сипари мешавад.
Бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея тариқи шарикони боътимоди худ Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат , муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази EPS дар Тоҷикистон саҳми арзандаи худро ҷиҳати дар муддати кутоҳ барои ба даст овардани натиҷаи хуб гузоштанд. Чунин натиҷа, яъне дар муддати 1 сол нагузашта аз санаи баимзорасонии созишома то ба сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Корея дар миёни 17 давлати аъзои системаи EPS бори аввал аст. Ин ҳадаф дар дигар давлатҳои аъзо дар муҳлати на кам аз 2-3 сол ноил гашта буд.
Дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ду давлат сафарбаркунии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Корея тариқи барномаи давлатии EPS танҳо ба зиммаи Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ хизматрасонӣ, ҷиҳати бақайдгирии шаҳрвандон ва сафарбар намудани онҳо пурра ройгон буда, бе миёнаравҳо хизмат мерасонад. Тибқи нақшаи кории Агентӣ ва маркази EPS дар Ҷумҳурии Тоқикистон ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирон ба Ҷумҳурии Корея тариқи барномаи давлатии EPS гузаронидани имтиҳонҳо марҳила ба марҳила пешбинӣ шудааст. Муҳоҷироне, ки забони кореягиро медонанд ва хоҳиши муҳоҷирати расмӣ ба Ҷумҳурии Корея доранд метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе кучаи Лоҳутӣ 80 муроҷиат намоянд.
Рақамҳо барои тамос: 221-39-67; 221-39-83
Whatsapp, Telegram: +992930934994.