img
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ДУЮМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОЗНИГАРИИ МУҲОҶИРАТ


Аз 5 то 8 майи соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дуюмин Форуми байналмилалии баррасии муҳоҷират - 2026 баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода иштирок намуданд.



Форуми мазкур таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда, ба арзёбии ҳамаҷонибаи татбиқи Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ бахшида шуд. Дар он роҳбарони сохторҳои давлатӣ, вазирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами муҳоҷират, ҳамкории байналмилалӣ ва роҳҳои таҳкими идоракунии муҳоҷиратро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Зимни суханронии худ Солеҳа Холмаҳмадзода бо ишора ба нақши боризи СММ ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар пешбурди муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ, таъкид кард, ки масъалаҳои муҳоҷират дар шароити буҳронҳои иқтисодӣ, иқлимӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ хусусияти ҳарчи бештари ҷаҳонӣ касб карда, татбиқи самараноки Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ аҳаммияти махсус пайдо менамояд.



Зикр гардид, ки Тоҷикистон пайваста аз принсипҳои Паймони глобалӣ ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират тадбирҳои мушаххасро, ба мисли қабули як қатор санадҳои стратегӣ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муқовимат ба савдои одамон ва ҷалби диаспора дар рушди кишвар роҳандозӣ менамояд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар кишвар ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, диверсификатсияи самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин рушди барномаҳои омӯзиши касбӣ, омодагии забонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.



Тибқи барномаи форум, вазир инчунин дар мизи мудаввари чоруми форум оид ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз ҷаҳон зери таъсири рушди босуръати технологияҳо, тағйирёбии иқлим ва равандҳои демографӣ бошиддат дигаргун мешавад. Дар чунин шароит сиёсати муҳоҷират бояд мутобиқ ба талаботи замон такмил дода шавад. 
Дар форум иштирокчиён, инчунин, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одамон, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳоҷират ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро муҳокима намуданд.

11.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ