img
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУШТАРАК БАЙНИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ ТАОВУН, КОР ВА РИФОҲИ ИҶТИМОИИ  ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Санаи 12 ноябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии  Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ аз 18 сентябри соли 2021 баргузор гардид.

 

Ҷаласаи навбатӣ бо роҳбарии муовинони вазири ҳар ду ҷониб ва аъзоёни гурӯҳи корӣ дар шакли маҷозӣ доир гардида, рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи қаблӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои муштараки судманд ва рафти иҷрои корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа  расиданд, ки бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2022-2024 сафари омӯзишии гурӯҳе аз мураббиёни Тоҷикистон дар риштаҳои қаннодӣ, ошпазӣ, нонпазӣ коркарди чарм, кулолгарӣ, кошигарӣ, таъмири автомобилҳо,  заргарӣ,  дузандагӣ, тарроҳӣ  ва касбу ҳунарҳои муосир дар семоҳаи аввали соли 2025 анҷом дода шавад.

 

Дар фарҷоми ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо назардошти масъалаҳои баррасигардида ва таклифу пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ Протоколи дахлдор омода гардид. 

13.11.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ