6 июли соли 2024 дар “Боғи Ирам”- и шаҳри Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 33, ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 ба тасвиб расидааст ва банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 тасдиқ шудааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи ноҳия ва шаҳру вилоятҳо ташкил ва баргузор гардид.
Аз ҷараёни чорабинӣ ҳайати расмӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ дидан намуданд. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода суханронӣ намуда, зикр карданд, ки соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушд ёфта истодааст.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур муаррифӣ намудани анъанаҳо, суннатҳои аҷдодӣ ва оммавӣ гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, рушди ҳунармандӣ, тарбияи зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ намудани намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ мебошад, ки бо маҳорати баланди касбӣ ва усулҳои хос омода карда шудаанд.
Ҳадафи ниҳоии ин амалҳо ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва таъмини некуаҳволии зиндагии мардум мебошад, ки мақсади асосии давлату ҳукумат буда, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Озмун дар байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар се давр аз рӯйи 7 номинатсияи соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ:
- кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ;
- гаҷкорӣ, ойинабандӣ ва кундалнигорӣ;
- заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ;
- ороиш аз санг;
- кулолгарӣ;
- читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ ва попурӣ;
- намадмолӣ ва қолинбофӣ гузаронида шуд.
Моҳҳои майи июни соли ҷорӣ даври якум дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз ҳазор нафар ҳунарманд бо пешниҳоди маҳсули дастони худ ширкат варзиданд. Ба даври ниҳоӣ ғолибони даврҳои якум ва дуюм роҳхат гирифта, дар чорабинии имрӯза ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Дар хотима ғолибони ҷойҳои 1,2 ва 3 бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.