img
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1. Сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодчӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2320 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2. Сармутахассиси матбуоти шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти Раёсати котибот - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии рузноманигорӣ, филологӣ ва дигар ихтисосҳои гуманитарии ба мансаб мувофиқ.

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2320 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3. Сармутахассиси Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии молиявӣ, иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ.

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2320 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

4. Мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ - 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии дипломат, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, рӯзноманигори байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, тарҷумон, шарқшиносӣ ва дигар мутахассисони соҳаи гуманитарии ба мансаб мувофиқ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1890 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- донистани забони русӣ ҳатмӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ);

- ба собиқа ва таҷрибаи корӣ дар соҳа афзалият дода мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ мувофиқи басти вазифаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират.

6. Мутахассиси пешбари Шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии молиявӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1890 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

7. Мутахассиси Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё муҳосибӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1554 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ҳарбӣ, РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), рақами РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ), маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ), маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад; (объективка).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2 июли соли 2025 қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2,

индекс: 7340262, (992 37) 250-32-34.

 

НОМГӮИ саволномаҳо ҷиҳати истифода ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Саволҳо оид ба Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон

1. Маълумоти умумӣ дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабул, ворид намудани тағийру иловаҳо, таркиби Конститутсия).

2. Дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (боби якуми Конститутсия).

3. Аркони (унсурҳои) давлатдории Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд.

4. Мафҳуми «давлати дунявӣ» шарҳ дода шавад.

5. Мафҳуми «давлати ягона» шарҳ дода шавад.

6.

Мафҳуми “давлати иҷтимоӣ”-ро тибқи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.

7. Шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд (моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумот дар бораи тасдиқи рамзҳои давлатӣ).

9. Маълумоти умумӣ дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10. Маълумоти умумӣ дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

11. Маълумоти умумӣ дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12. Кӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доро мебошад?

13. Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

14. Масъалаи арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

15. Дар бораи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

16. Дар моддаи чанди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ сухан меравад.

17. Ҳуқуқ ба муроҷиати шаҳрванд ба мақомоти давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

18. Маълумоти умумӣ дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

19. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя шарҳ дода шаванд.

20. Субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд (моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

21. Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси миллӣ маълумот пешниҳод карда шавад.

22. Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси намояндагон маълумот пешниҳод карда шавад.

23. Маълумоти умумӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

24. Асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии пешниҳоди (ироаи) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» шарҳ дода шавад.

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад.

3. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

4. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №272, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2009, №553, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

6. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

7. Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ номбар карда шаванд.

8. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ».

9. Намудҳо ва шаклҳои муроҷиат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ».

10. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ».

11. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия».

12. Маълумоти мухтасар оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030.

13. Маълумоти умумӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №55 «Дар бораи иттилоот» (кадом муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим карда мешаванд).

14. Оид ба пешбурди коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ маълумот пешниҳод карда шавад (санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва шарҳи мухтасари онҳо).

15. Мафҳуми «ҳукумати электронӣ» шарҳ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа номбар карда шаванд.

16. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011, №702 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ».

17. Маълумоти умумӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1414 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

18. Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1414 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

19. Санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

20. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

21. Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ».

22. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003, №44.

24. Дар бораи сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12).

25. Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5).

3. Саволҳои соҳавӣ

1. Дар бораи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед.

2. Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар диҳед.

3. Муҳоҷират чист?

4. Муҳоҷири меҳнатӣ кист?

5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ кадомҳоянд?

6.Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишнома оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дорад?

7. Принсипҳои асосии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ кадомҳоянд?

8. Репатриатсия ва реинтегратсия чист?

9. Меъёрҳои меҳнат чист?

10. Ҳоло музди меҳнати ҳадди ақал чанд сомониро ташкил намуда ва аз ҷониби ки муайян карда мешавад?

11.Санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро номбар кунед?

12.Кадом намудҳои рухсатиҳои меҳнатиро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст? Ҳадди камтарини рухсатии меҳнатӣ чанд рӯз аст.

13.Сохтори сабади истеъмолиро номбар кунед?

14. Сатҳи зиндагӣ чист?

15. Давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ ба ки муқаррар карда мешавад ва музди меҳнати онҳо кам карда мешавад ва ё не?

16. Ҳангоми таҳлили вазъи бозори меҳнат кадом нишондиҳандаҳо истифода мешаванд?

17. Мафҳуми ҳифзи меҳнатро шарҳ диҳед?

18. Уҳдадории корфармо дар самти ҳифзи меҳнат.

19. Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

20. Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон тибқи кадом санадҳои меъерии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд?

21. Коллективи меҳнатӣ чист?

22. Мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро шарҳ диҳед.

23. Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва тартиби ҳисобу пардохти он шарҳ дода шавад.

24. Мафҳуми шуғл ва бозори меҳнат чист?

25. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои кадом шурои Кумитаи иҷроияи ИДМ мебошад?

4. Саволҳои дигари умумӣ

1. Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир кадом озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ карда мешаванд?

2. Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 шарҳ дода шаванд.

3. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо кадом мақсадҳо баргузор мегардад?

4.Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» бо кадом мақсадҳо

баргузор мегардад?

5. Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маълумот пешниҳод карда шавад.

6. Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599).

7. Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005).

8. Дар бораи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332) маълумот дода шавад.

9. Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642).

10. Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кадом мақсад ноил шудан равона гардидааст?

11. Иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати электронӣ ба ҳалли кадом вазифаҳо кӯмак менамояд?

12. Кадом омилҳои ташаккулдиҳандаи ҳукумати электрониро медонед?

13. Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №167).

14. Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166).

15. Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 -2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204).

16. Дар бораи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва марҳилаҳои татбиқи он маълумот диҳед (қарори Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636).

17.Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» марҳилаи аввал (солҳои 2023-2025) маълумот пешниҳод карда

шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482).

18. Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

19. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро шарҳ диҳед.

20. Дар бораи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумот пешниҳод карда шавад.

21.Дар бораи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шавад.

22. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23. Маълумоти умумӣ дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

24. Дар бораи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

25. Маълумоти умумӣ дар бораи муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

муҳоҷират ва шуғли аҳолии Чумҳуриии Тоҷикистон

2. Саволҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси

Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо

 

 

Дастурамали мансабии

мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ:

         а) Номи мансаб – мутахассиси пешбари  шуъбаи  аудити  дохилии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- категорияи мансабӣ - мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии маъмурии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст;

                  - тартиби таъин ва озод намудан – мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбар) мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси озмун бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад;

         - тобеъ ва ҳисоботдиҳанда - мутахассиси пешбар ба сардори шуъба ва мувофиқи тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият бевосита ба вазир тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад;                                           

           - дар мавриди муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбар иҷрои ўҳдадориҳои мансабии ў ба зиммаи сармутахассиси 2 ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 2 иҷрои ўҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи мутахассиси пешбар вогузор карда мешавад;

           - мутахассиси пешбар барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабии худ метавонад бо кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – вазорат), сохторҳои тобеи он, мутахассисони раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор дар доираи ўҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ намояд.

 

                                                2 .Талаботи тахассусӣ:

б) Барои мансаби мутахассиси пешбар талаботи тахассусии зерин муқаррар карда шудааст:

- таҳсилоти олии молиявӣ, иқтисодӣ ё  ҳуқуқшиносӣ;

           - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ (на камтар аз 3 сол аз рўи ихтисос мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши ташкилотҳои давлатӣ”), инчунин ҷавобгў будан ба дигар талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

            - донистани забони давлатӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод, молия ва аудит;

           - дониш ва малакаи хуби роҳбарӣ ҷиҳати идоракунӣ, корбарӣ ва банақшагирии раванди фаъолияти минбаъда;

           - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани кор бо барномаҳои компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ;

- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ, молия ва аудит;

 

3. Ўҳдадориҳои мансабӣ:

           в) Ииҷрои саривақтии вазифаҳоро аз рўи нақшаҳои кори шуъба ва супоришҳои роҳбарияти вазорат таъмин менамояд;

           - дар сохторҳои таркибии вазорат тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”  ва “Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ” санҷиш ва таҳлилҳо  мегузаронад;

            - дар асоси баҳодиҳии таваккал нақшаҳои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;

            - оид ба кори иҷрогардида ҳар сол ба вазир ҳисобот пешниҳод менамояд;

           - пешниҳоди гузоришро оид ба натиҷаҳои аудит таъмин менамояд;

           - тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохилӣ хоҷагии он пешниҳод менамояд;

           - паҳн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатӣ ё ба дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда тааллуқ дорад, таъмин менамояд;

           - бо супориши Вазир аз субъектони санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, аввалия, умумӣ, ҷамбастӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявиро дархост намояд;

           - дар хазинаҳо ва анборҳо барӯйхатгирии (инвентаризация) пули нақд ва молу маводи арзишдорро мегузаронад;

           - асоснокии қарзҳои дебиторӣ ва кредиториро дар ҳисобдорӣ аудит ва таҳлил гузаронида, муҳлат ва сабаби пайдоиши онҳоро муайян мекунад;

           - ҳангоми зарурат барои кори самараноктар ва ба даст овардани маълумоти боэътимод усулҳои санҷиши мутақобила дар субъектҳо новобаста аз шакли моликият мегузаронад;

           - вобаста ба пешгирӣ, муқовимат ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон  таҳлилҳо ва семинар машваратҳо мегузаронад;

- ҳуҷҷатҳои ба шуъба воридшударо бақайд гирифта, назорати иҷрои сари вақтии онҳоро таъмин менамояд;

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба сардори шуъба ҷавоб омода  менамояд;

           - дигар уҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷро менамояд.

 

4.  Ҳуқуқҳо:

          г) мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ ҳуқуқҳои зерин дорад:

- аз сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои тобеи он ва дигар мақомоти дахлдор маълумот гирифтан ва санҷидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблаѓгирандагони буҷетӣ талаб кардани тавзеҳоти барои гузаронидани аудити дохилӣ зарур;

- аз маҳзани маълумот ва маводҳои дар ихтиёри дастгоҳи марказии вазорат буда истифода намояд;

- гузаронидани санҷиши сохтор ва тарафҳои бо ташкилоти бахши давлатӣ алоқаҳои берунадошта, ки маблаѓҳои давлатиро истифода ё ихтиёрдорӣ мекунанд;

- изҳори мулоҳизаи мустақил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молиявӣ ва низоми назорати дохилӣ;

- дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дигар иттилооти муҳиме, ки ба ташаккули мавқеи воқеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санҷиш ва ё изҳори мулоҳизаи худ дар ҳисобот худдорӣ намояд;

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;

- ҳангоми гузаронидани аудит, аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ уҳдадораст, ки муқаррароти  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳоро риоя намояд;

- аз ҷониби аудитори дохилӣ истифода гардидани ҳуқуқи худ бо мақсади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин ҳуқуқҳо дар фаъолияти аудиторӣ манъ аст;

- дар амалҳои худ аудитори дохилӣ уҳдадораст, ки мустақил, беѓараз, салоҳиятнок ва поквиҷдон бошад;

- аудитори дохилӣ вазифадораст аз паҳннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбӣ ба онҳо дастрасшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, худдорӣ намояд;

        - дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рўи масъалаҳои ба ўҳдадориҳои мансабии ў дахлдошта иштирок намояд;

        - ба роҳбарияти вазорат ҳама гуна масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти шуъба мансуб аст, таклифҳо пешниҳод намояд;

        - иҷрои саривақтии вазифаҳо, нақшаи кори шуъба, супоришҳои роҳбарияти вазоратро аз кормандони шуъба талаб намояд;

        - аз сохторҳои таркибӣ маълумотро оид ба санҷишу тавсияҳои додашуда, барои назорати молиявии истифодабарии маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетӣ талаб намояд;                                                                                           

       - дар ҳисоботҳои семоҳа, нимсола ва солонаи худ, санадҳои  санҷишӣ оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва гузоришҳо ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба  ба унвони вазир салоҳияти имзо карданро доро мебошад.

 

5.  Масъулият:

        д) мутахассиси пешбар барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ дорои чунин масъулият мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабӣ пешбинӣ шудаанд;

барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ;

- мавҷудияти мамониятҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» барои таъин ва дар мансаб будан;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;

- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо  оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволии хизматчии давлатии маъмурӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

           е) Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сардори шуъба супорида мешавад.

      - ҳангоми таѓйир ёфтани ўҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии шуъба ва ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси таѓйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

 

 

Дастурамали

мансабии мутахассиси пешбари 1-и раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

а) Номи пурраи мансабмутахассиси пешбари 1-и раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- категорияи мансабӣ - мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст;

- тартиби таъин ва озод намудан – мутахассиси пешбари 1-и раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбари 1) мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси озмун бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад;

- тобеъ ва ҳисоботдиҳанда – мутахассиси пешбари 1-и раёсат ба сардори раёсат ва муовини сардори раёсат, мувофиқи тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият бевосита ба муовини вазир  - сарпарасти соҳа тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад;

- дар мавриди муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 1-и раёсат иҷрои ўҳдадориҳои мансабии ў ба зиммаи мутахассиси пешбари 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 2-и раёсат иҷрои ўҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи мутахассиси пешбари 1-и раёсат вогузор карда мешавад;

- мутахассиси пешбари 1-и раёсат барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабии худ метавонад бо кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – вазорат), сохторҳои тобеи он, мутахассисони раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои хориҷию ѓайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар доираи ўҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ намояд.

 

2.  Талаботи тахассусӣ:

б) Барои мансаби мутахассиси пешбари 1-и раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- маълумоти олии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, рўзноманигори байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, дипломат, тарҷумон, шарқшиносӣ ва дигар мутахассисони соҳаи гуманитарии ба мансаб мувофиқ (донандаи забонҳои хориҷӣ);

-  1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

  - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ;

  - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ).

              

3. Ўҳдадориҳои мансабӣ:

в) Ииҷрои саривақтии вазифаҳоро аз рўи нақшаҳои кори раёсат ва супоришҳои роҳбарияти вазорат таъмин менамояд;

- фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо сохторҳои таркибии вазорат, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад;

- ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодгардида хулоса омода намуда, ба сардори раёсат пешниҳод намояд;

- бо супориши вазир ё муовини вазир - сарпарасти соҳа, сардори раёсат дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои кории вазорат, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сардори раёсат гузориш ё ҳисобот пешниҳод менамояд;

- дар таҳияи лоиҳаи шартномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти раёсат вобаста иштирок  менамояд;

       - ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои хориҷӣ (тибқи ҷадвали тақсимот) мустаҳкам намуда, масъалаҳои  марбут ба самтҳои фаъолияти вазоратро ҳамоҳанг месозад;

-  бо кормандони сохторҳои таркибии вазорат ҳамкорӣ менамояд;

- дигар супоришҳои роҳбарияти вазоратро вобаста ба самти фаъолият иҷро мекунад.

 

4. Ҳуқуқҳо:

 г)  Мутахассиси пешбари 1-и раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

     - аз сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои тобеи вазорат ва дигар мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии ўҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

     - дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рўи масъалаҳои ба ўҳдадориҳои мансабии ў дахлдошта иштирок намояд;

     - ба вазир, муовини вазир - сарпарасти соҳа дар доираи ўҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти раёсат оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

    -  такмили ихтисос ва малакаи касбии худро дар дохил ва хориҷи кишвар тариқи таҷрибаомўзӣ баланд бардорад;

    - ба гирифтани рутбаҳои тахассусии навбатӣ, мукофотҳои давлатӣ ва имтиёзҳои муайяншуда пешниҳод шудан, кафолатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии худро муҳофизат намояд;

    - дар ҳолати вайрон кардани интизоми меҳнатӣ ба натиҷаи санҷиш шинос шавад;

    - дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд;

    - барои иҷроиши вазифаҳое, ки ба ўҳдаи раёсат вогузор шудаанд бо ҳуҷҷатҳои дигар сохторҳои вазорат шинос шавад;

- мутахассиси пешбари 1-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

                                        

5. Масъулият:

д) мутахассиси пешбари 1-и раёсат барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ дорои чунин масъулият мебошад:

    - барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабӣ пешбинӣ шудаанд;

-  барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ;

- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» барои таъин ва дар мансаб будан;

-  барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;

- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси  одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва сирри дигаре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволии хизматчии давлатии маъмурӣ дар мўҳлатҳои муқарраргардида;

- барои ѓайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда.

 

  6. Муқаррароти хотимавӣ:

      е) Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари 1-и раёсат дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сардори раёсат супорида мешавад.

      - ҳангоми таѓйир ёфтани ўҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии раёсат ва ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси таѓйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари 1-и раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

Дастурамали

мансабии мутахассиси раёсати баҳисобгирии муҳосибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

1. Муқаррароти умумӣ:

а) Номи пурраи мансаб  -  мутахассиси раёсати баҳисобгирии муҳосибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

          - категорияи мансабӣ - мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии маъмурии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст;

- тартиби таъин ва озод намудан – мутахассиси раёсати баҳисобгирии муҳосибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассис) мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси озмун бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад;

- тобеъ ва ҳисоботдиҳанда – мутахассиси раёсат ба сардори раёсат, мувофиқи тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият бевосита ба вазир тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад;

            - дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси раёсат иҷрои ўҳдадориҳои мансабии ў ба зиммаи мутахассиси пешбари 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 2-и раёсат иҷрои ўҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи мутахассиси раёсат вогузор карда мешавад;

            - мутахассиси раёсат барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабии худ метавонад бо кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазорат), сохторҳои тобеи он, мутахассисони раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо вазорату идораҳои дахлдор дар доираи ўҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ  намояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ:

б) Барои мансаби мутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-  маълумоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ ё муҳосибӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

 

3.Ўҳдадориҳои мансабӣ:

в) Иҷрои саривақтии вазифаҳоро аз рўи нақшаи кори раёсат ва  супоришҳои роҳбарияти вазорат таъмин менамояд;

- бо Муассисаҳои давлатӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатии ташкилотҳои системаи вазорат оид ба таѓирот ва ҷойивазкунии воситаҳои асосӣ ҳамкорӣ менамояд;

- бо Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба қабул намудани маблаѓҳои нақдӣ ва мақсаднок истифода бурдани онҳо ҳамкори менамояд;

- ҳисоботҳои хазинаи маблаѓҳои буҷетӣ ва суратҳисоби махсуси вазоратро қабул ва ҷамъбаст менамояд;   

    - бо супориши вазир сардори раёсат дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои кории вазорат, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сардори раёсат гузориш ё ҳисобот пешниҳод менамояд;

    - оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рўз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ўҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд;

    - дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода,  бо онҳо ҳамкорӣ менамояд;

     -   дар таҳияи дастурамалҳои мансабии худ иштирок менамояд;

     - дар санҷиши фаъолияти сохторҳои вазорат оид ба риояи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ иштирок менамояд;

     -  дигар супоришҳои сардори раёсат ва роҳбарияти вазоратро иҷро мекунад.

 

 

4. Ҳуқуқҳо:

г) Мутахассиси раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- аз  воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва тобеи вазорат ва дигар мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои заруриро вобаста ба масьлаҳои таьмини фаъолияти раёсат бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масълаҳо ва қабули қарор аз рўи масъалаҳои ба ўҳдадориҳои мансабии ў дахлдошта иштирок намояд;

- аз роҳбарияти вазорат мусоидат намудан барои иҷрои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мансабиашро талаб намояд;

-  дар ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ, санадҳои санҷишӣ (гузоришҳо) оид ба натиҷаи санҷиши истифодабарии маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетии сохторҳои таркибии системаи вазорат пешниҳодҳо ва хулосаҳо дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдошта, гузоришҳо ҷиҳати таҳкими фаъолияти раёсат ба унвони сардори раёсат салоҳияти имзо карданро доро мебошад;

- мутахассиси раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии  ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пешбинӣ  намудааст.

 

5. Масъулият:

д) Мутахассиси раёсат барои иҷрои ўҳдарориҳои мансабӣ дорои чунин масъулият мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии пешбинӣ  шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб  додан  ва  пешбурди  парвандаи  шахсии  худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар  намудаанд;

- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз  карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ѓайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 - барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ѓайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ:

е) Дастурамали мансабии мутахассиси раёсат дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзои вазир ба сардори раёсат супорида мешавад.

ҳангоми таѓйир ёфтани ўҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии раёсат ва ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси таѓйир ёфтани дастурамали мансабии мутахассиси раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

 

 

 

Дастурамали

мансабии сармутахассиси матбуоти шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти раёсати котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

                                1. Муқаррароти умумӣ:

а) Номи пурраи мансаб - сармутахассиси матбуоти шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти раёсати котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- категорияи мансабӣ - мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии маъмурии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.

- тартиби таъин ва озод намудан - сармутахассиси матбуоти шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти раёсати котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сармутахассиси матбуоти шуъба) мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси озмун бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

- тобеъ ва ҳисоботдиҳанда - сармутахассиси матбуоти шуъба ба сардори шуъба, сардори раёсат мувофиқи тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият бевосита ба вазир ва муовини ў - сарпарасти соҳа тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

- дар мавриди муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси матбуоти шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба зиммаи сармутахассиси 1 шуъба ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 1 шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи сармутахассиси матбуоти шуъба вогузор карда мешавад.

- сармутахассиси матбуоти шуъба барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ метавонад бо кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – вазорат), сохторҳои тобеи он, мутахассисони раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои хориҷию ѓайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ намояд.

 

2.  Талаботи тахассусӣ:

б) Барои мансаби сармутахассиси матбуоти шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- маълумоти олии рузноманигорӣ, филологӣ ва дигар ихтисосҳои гуманитарии ба мансаб мувофиқ.

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3  сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

  - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ).

 

3. Уҳдадориҳои мансабӣ:

 в) Иҷрои саривақтии вазифаҳоро аз рўи нақшаҳои кори шуъба, раёсат ва супоришҳои роҳбарияти вазорат таъмин менамояд;

           - дар асоси нақшаи корӣ бо васотаҳои ахбори омма ва сомонаҳо ҳамкорӣ намуда, фаъолияти вазорат ва сохторҳои онро инъикос менамояд;

           - корҳои ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотиро оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат анҷом медиҳад;

           - иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО»-ро назорат менамояд ва аз ҷараёни татбиқи он маълумотро омода ва пешниҳод  менамояд;

           - барои баргузор намудани маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба иду ҷашнҳо тадбирҳо андешида, матни сухани табрикотии роҳбарияти вазорат ва номаҳои табрикотиро омода менамояд;

           - ҷиҳати фаъол нигоҳ доштани сомонаи вазорат тадбирҳо андешида, хабару гузоришҳо дар бораи чорабиниҳои баргузоргардида ва навигариҳои самтҳои фаъолияти вазоратро сари вақт дар сомона ворид менамояд;

           - ба мақолаҳо ва хабарҳои танқидӣ ва таҳлилии марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат сари вақт вокуниш омода мекунад;

           - ҷаласаҳои Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои онро дар муҳлатҳои муқаррашуда баргузор намуда, қарор ва протоколҳои дахлдорро таҳия мекунад;

           - нақшаи чорабиниҳои вазорат оид ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои онро зери назорат гирифта, иҷрои онро таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;

           - фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи принсипҳои волоияти қонун дар хизмати давлатӣ ба амал мебарорад;

           - муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷавоб омода менамояд;

           - иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба сардори шуъба ва ё вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ тариқи хаттӣ гузориш пешниҳод менамояд;

           - дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои вазорат ва мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд;

           - вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъба маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо омода ва ба сардори шуъба ва сардори раёсати котибот ва роҳбарияти вазорат пешниҳод менамояд;

           - ба сардори шуъба ҳар семоҳа оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ ва солонаи барои ҷамъбаст ва баҳогузорӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;

           - дигар супоришҳои роҳбарияти вазоратро вобаста ба самти фаъолият иҷро менамояд.

 

4. Ҳуқуқҳо:

 г)  Сармутахассиси матбуоти шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

     - аз сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои тобеи вазорат ва дигар мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рўи онҳо иштирок намояд;   

- риояи тартиби муқарраршудаи коргузориро аз сохторҳои
во
ҳидии дастгоҳи марказии вазорат ва идораҳои тобеи он назорат ва талаб намояд;

- мутобиқати ҳуҷҷатҳои барои имзои вазир пешниҳодшавандаро бо талаботи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали кор бо ҳуҷҷатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат кунад;

- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;

- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб намояд;

- барои мукаммал намудани самти кор дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти шуъба ба роҳбарияти вазорат таклиф пешниҳод намояд;   

- ҷиҳати саривақт ва ба таври дахлдор аз ҷониби ҷузъҳои сохтории дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз рўи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабӣ дахлдошта иштирок намояд;

- барои бартараф намудани камбудиҳо ва бекор кардани қарорҳое, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқҳои хизмати давлатӣ мебошад, таклиф пешниҳод намояд;

 

5. Масъулият:

д) Сармутахассиси матбуоти шуъба барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ дорои чунин масъулият мебошад:

    - барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабӣ пешбинӣ шудаанд;

-  барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ;

- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» барои таъин ва дар мансаб будан;

-  барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;

- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси  одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва сирри дигаре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволии хизматчии давлатии маъмурӣ дар мўҳлатҳои муқарраргардида;

- барои ѓайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 

  6. Муқаррароти хотимавӣ:

      е) Дастурамали мансабии сармутахассиси матбуоти шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сардори раёсат супорида мешавад.

      - ҳангоми таѓйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии шуъба, раёсат ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси таѓйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси матбуоти шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

Дастурамали

мансабии сармутахассиси 1-и раёсати молия, таҳлил ва дурнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

1. Муқаррароти умумӣ:

а) Номи пурраи мансаб  -  сармутахассиси 1-и раёсати молия, таҳлил ва дурнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

          - категорияи мансабӣ - мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии маъмурии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст;

- тартиби таъин ва озод намудан – сармутахассиси 1-и раёсати молия, таҳлил ва дурнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сармутахассиси 1-и) мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси озмун бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад;

- тобеъ ва ҳисоботдиҳанда – сармутахассиси1-и раёсат ба сардори раёсат мувофиқи тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият бевосита ба муовини вазир  - сарпарасти соҳа тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад;

            - дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 1-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба зиммаи сармутахассиси 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 2-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи сармутахассиси 1-и раёсат вогузор карда мешавад;

            - сармутахассиси 1-и раёсат барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ метавонад бо кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазорат), сохторҳои тобеи он, мутахассисони раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо вазорату идораҳои дахлдор дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ  намояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ:

б) Барои мансаби сармутахассиси 1-и раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-  маълумоти олии молиявӣ, иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

 

3.Уҳдадориҳои мансабӣ:

в) Иҷрои саривақтии вазифаҳоро аз рўи нақшаи кори раёсат ва  супоришҳои роҳбарияти вазорат таъмин менамояд;

- таҷрибаи мутараққии қонунгузориро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолиро омўхта онҳоро ҷамъбаст ва таҳлил менамояд;

- мунтазам бозори меҳнат ва шуѓлро дар асоси маълумотҳои оморӣ таҳлил намуда, оиди рушди он таклифҳои мушаххас ба сардори раёсат пешниҳод менамояд;

- бо супориши вазир ё муовини вазир - сарпарасти соҳа, сардори Раёсат дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои кории вазорат, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сардори раёсат гузориш ҳисобот пешниҳод менамояд;

- фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи принсипи  волоияти қонун дар хизмати давлатӣ ба амал барорад;

- дар якҷоягӣ бо сардори раёсат оид ба ворид намудани таѓйироту иловаҳо ва такмил додани қонунҳои ҷории соҳавӣ марбут ба соҳаи бозори меҳнат ва шуѓли аҳолӣ таклифҳо пешниҳод мекунад;   

- дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат дар гузаронидани мониторинги самтҳои фаъолияти сохтори вазорат дар соҳаи  бозори меҳнат ва шуѓли аҳолӣ ширкат намуда, аз натиҷаи он маводҳои таҳлилӣ  пешниҳод мекунад;

- дар конференсияҳо, семинарҳо ва мизи мудаввар доир ба масъалаҳои танзими бозори меҳнат ва шуѓли аҳолӣ  иштирок менамояд;

- дар якҷоягӣ бо сардори раёсат мунтазам бозори меҳнат ва шуѓлро дар асоси маълумотҳои оморӣ таҳлил намуда, оиди рушд, ва дурнамои он таклифҳои мушаххас пешниҳод менамояд;

- дар таҳияи лоиҳаи фармоишҳои вазир ва қарорҳои Ҳайати мушовараи вазорат, ки ба салоҳияти фаъолияти раёсат мансуб мебошанд, иштирок менамояд;

- оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуѓли аҳолӣ ба роҳбарияти вазорат таклифу пешниҳодҳо манзур  менамояд;

- якҷо бо сохторҳои вазорат барои рушди омори соҳавӣ, ташаккул, пешбурд ва истифодаи махзани маълумот дар бораи талабот ба қувваи корӣ  дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ  ширкат меварзад, ва таҳлили вазъи бозори меҳнатро мегузаронад;

- дар гузаронидани мониторинг ва таҳлили барномаҳои соҳаи бозори меҳнат ва шуѓли аҳолӣ иштирок менамояд;

- дар гузаронидани таҳлилҳои дар салоҳияти раёсатбуда ширкат мекунад;

- якҷо бо сохторҳои вазорат ва кормандони раёсат барои рушди омори соҳавӣ, ташаккул, пешбурд ва истифодаи махзани маълумот дар бораи талабот ба қувваи корӣ,  дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ  ширкат варзида, дурнамои онро муайян месозад;

-  дигар супоришҳои сардори раёсат ва роҳбарияти вазоратро иҷро мекунад.

 

4. Ҳуқуқҳо:

г) Сармутахассиси 1-и раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- аз  воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва тобеи вазорат ва дигар мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои заруриро вобаста ба масьлаҳои таьмини фаъолияти раёсат бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масълаҳо ва қабули қарор аз рўи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ў дахлдошта иштирок намояд;

- аз роҳбарияти вазорат мусоидат намудан барои иҷрои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мансабиашро талаб намояд;

- сармутахассиси 1-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии  ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пешбинӣ  намудааст.

 

5. Масъулият:

д) Сармутахассиси 1-и раёсат барои иҷрои ўҳдарориҳои мансабӣ дорои чунин масъулият мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии пешбинӣ  шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб  додан  ва  пешбурди  парвандаи  шахсии  худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар  намудаанд;

- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз  карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ѓайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 - барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ѓайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ:

е) Дастурамали мансабии сармутахассиси 1-и раёсат дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзои вазир ба сардори раёсат супорида мешавад.

ҳангоми таѓйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии раёсат ва ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси таѓйир ёфтани дастурамали мансабии сармутахассиси 1-и раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

                                                                        

 

 

Дастурамали

мансабии сармутахассиси 2 - и раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

1. Муқаррароти умумӣ:

а) Номи пурраи мансаб  -  сармутахассиси 2 - и раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

          - категорияи мансабӣ - мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии маъмурии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст;

- тартиби таъин ва озод намудан – сармутахассиси 2 - и раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сармутахассиси 2) мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси озмун бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад;

- тобеъ ва ҳисоботдиҳанда – сармутахассиси 2-и раёсат ба сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мувофиқи тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият бевосита ба вазир ва муовини вазир  - сарпарасти соҳа тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад;

            - дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 2-и раёсат иҷрои ўҳдадориҳои мансабии ў ба зиммаи сармутахассиси 1-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 1-и раёсат иҷрои ўҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи сармутахассиси 2-и раёсат вогузор карда мешавад;

            - сармутахассиси 2-и раёсат барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабии худ метавонад бо кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазорат), сохторҳои тобеи он, мутахассисони раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо вазорату идораҳои дахлдор дар доираи ўҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ  намояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ:

б) Барои мансаби сармутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, иқтисодчӣ ва дигар ихтисоҳои ба мансаб мувофиқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

 

3.Ўҳдадориҳои мансабӣ:

в) Иҷрои саривақтии вазифаҳоро аз рўи нақшаи кори раёсат ва  супоришҳои роҳбарияти вазорат таъмин менамояд;

- муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд;

- бо супориши вазир ё муовини вазир - сарпарасти соҳа, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолӣ ва муовини сардори раёсат дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои кории вазорат, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сардори раёсат гузориш ё ҳисобот пешниҳод менамояд;

- ба ҳуҷҷатҳое, ки барои омода намудани ҷавоб ба ў супорида шудаанд, ҷавоб омода намуда, баъди аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба имзо расидан онҳоро дар шуъбаи умумӣ ба қайд мегирад;   

- дурнамои раванди муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро меомўзад ва ба сардори раёсат таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ҳамоҳангии фаъолияти худро бо сохторҳои вазорат дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ  ба роҳ мемонад;

- аз натиҷаи иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорат маълумотномаи таҳлилӣ омода намуда, ба сардори раёсат пешниҳод менамояд;

- дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва дигар созмону ташкилотҳо иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои вазоратро ба ин лоиҳаҳо ворид менамояд;

- ҷиҳати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои аз ҷониби кишварҳои аъзои ИДМ воридшуда чораҷўӣ менамояд;

- ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои мансабии худ бо Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия ҳамкорӣ намуда, ҳама гуна санадҳои дахлдор оид ба фаъолияти худро дархост менамояд ва фаъолияти онро ҳамоҳанг месозад;

- дар ташкил  ва гузаронидани муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати аҳолӣ иштирок мекунад;

- ҳисоботҳои сохторҳои вазоратро дар самти муҳоҷират таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;

- ба сардори раёсат оид ба фаъолияти солонаи худ барои ҷамъбасти баҳогузорӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;

- дар таҳияи ҳисоботи раёсат барои ҷамъбасти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона иштирок менамояд;

дигар супоришҳои сардори раёсат ва роҳбарияти вазоратро иҷро мекунад.

 

4. Ҳуқуқҳо:

г) Сармутахассиси 2- и раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- аз  воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва тобеи вазорат ва дигар мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои заруриро вобаста ба масьлаҳои таьмини фаъолияти раёсат бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масълаҳо ва қабули қарор аз рўи масъалаҳои ба ўҳдадориҳои мансабии ў дахлдошта иштирок намояд;

- аз роҳбарияти вазорат мусоидат намудан барои иҷрои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мансабиашро талаб намояд;

- сармутахассиси 2- и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии  ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пешбинӣ  намудааст.

 

5. Масъулият:

д) Сармутахассиси 2- и раёсат барои иҷрои ўҳдарориҳои мансабӣ дорои чунин масъулият мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои раёсат ва ўҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии пешбинӣ  шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб  додан  ва  пешбурди  парвандаи  шахсии  худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар  намудаанд;

- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз  карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ѓайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 

 - барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ѓайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ:

е) Дастурамали мансабии сармутахассиси 2- и раёсат дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзои вазир ба сардори раёсат супорида мешавад.

 

- ҳангоми таѓйир ёфтани ўҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии раёсат ва ё вазорат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси таѓйир ёфтани дастурамали мансабии сармутахассиси 2- и раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

13.06.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ