img
НАҚШИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Дар шароити имрӯзаи инкишофи ҷомеа ва таҳдидҳои замони муосир тақвияти одоби муоширати касбии хизматчиёни давлатӣ аҳаммияти хосса пайдо намудааст. Дар доираи салоҳияти вазифавиаш хизматчии давлатӣ бо ҳамкорон ва бо ашхоси касбу кори гуногун сару кор дорад. Аз ин рӯ тақвияти одоби касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳимми рушду таҳкими давлатдорӣ дар шароити имрӯза мебошад. Одоби касбии хизматчии давлатӣ – қисми таркибии фарҳанги маънавии инсон ва ҷомеа буда, он аз маҷмуи қоидаҳои муносибати байни одамон таркиб меёбад ва раванди муоширати кории онҳоро ба танзим медарорад.

 

Таҳти мафҳуми одоби касбии хизматчии давлатӣ фарҳанги махсуси муносибатҳои корӣ, аз ҷумла маросимҳо, қоидаҳои салому алейк, муаррифӣ, даъват, табрикот, суҳбати телефонӣ, вохӯриҳо, суҳбатҳо, тарзи баёни сухан, таҳияи ҳуҷҷатҳои корӣ ва симои зоҳирии шахс фаҳмида мешавад. Одоби хизматчии давлатӣ қисми таркибии одоби касбӣ буда, мавзӯи таҳлили илмии он дарёфт, асосноккунии меъёрҳои зарурии донишу малака, салоҳиятнокӣ, хулқу атвор, муносибат ва риояи низому тартиботи дохилии марбут ба хизмати давлатӣ мебошад. Дар доираи салоҳияташ ба хизматчии давлатӣ зарур аст, ки бо васоити ахбори умум, рӯзноманигорону намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ ҳамкории муфиду судманд дошта бошад. Бо назардошти масъулияти бузурги ба уҳда доштааш хизматчии давлатӣ бояд забони давлатиро донад ва ба он озодона сухан гуфта тавонад.

 

Хизмати давлатӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба амалисозии сиёсати давлатӣ нигаронида шудааст. Зери мафҳуми хизмати давлатӣ фаъолияти касбии шахсоне, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро оид ба таъмини иҷрои ваколатҳои мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд, фаҳмида мешавад. Фаъолияти хизмати давлатӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мушаххаси хизматчиёни давлатӣ дар асоси дастурамалҳои мансабї муайян карда мешаванд, ки аз тарафи роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ дар доираи қонун ва салоҳиятҳои онҳо тасдиқ мегарданд.

 

Барои хизматчиёни давлатӣ натанҳо риояи талаботи қонун, балки масъулиятшиносию софдилӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиаш низ муҳим аст. Бояд зикр намуд, ки нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешбурди иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоии мамлакат ниҳоят бузург аст. Ба мақоми баланди дар ҷамъият доштаи хизматчиёни давлатӣ дахл намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо чунин баҳо додаст: “Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату даавлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона бошанд”.

 

Хизматчиёни давлатӣ бояд дар назар дошта бошанд, ки дар кирдору рафтор, ахлоқ ва тарзи муоширати онҳо мардум симои давлатро мебинанд. Бадеҳатан хизматчиёни давлатӣ оинаеанд, ки дар он симои давлату давлатдорӣ инъикос меёбад. Талаботу масъулияти зикрёфта зарурияти аз тарафи хизматчиёни давлатӣ риоя намудани одоби касбӣ ва муоширати хизматии онҳоро ба миён мегузорад.

 

Барои хизматчиёни давлатӣ тақвияти одоби касбӣ барои он зарур аст, ки обрӯи ҳокимият ба сифатҳои аҳлоқии онҳо: бофарҳангӣ, бовиҷдонӣ, хоксорӣ, адолатпешагӣ, садоқату фидокорӣ дар хизмат ба манфиати давлат кору фаъолият кардан бевосита баланд бардошта шавад. Зеро кирдорҳои номатлуби хизматчиёни давлатӣ метавонанд, обрӯи ҳокимиятро дар назари мардум коста созанд.

 

Дар таърихи навини Тоҷикистон бори аввал бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2004 дар кишварамон “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ” қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Вобаста ба зарурати бамиёномада соли 2010 ва соли 2015 ба “Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид гардид ва дар таҳрири нав қабул карда шуд.

 

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муайяни ахлоқи хизматиро дар бар гирифта аз чор фасл иборат аст ва тамоми масъалаҳои марбут ба рафтор, муошират ва фаъолияти касбӣ ва ғайрикасбии хизматчиёни давлатиро ба танзим медарорад.

 

Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ – ҳуқуқии фаъолияти касбии кормандони мақомоти давлатӣ бояд вазифаҳои зеринро иҷро кунад:

Меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби хизматчиёни давлатиро танзим ва мустаҳкам намояд;

Қонунвайронкунӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлубро дар фаъолияти касбӣ пешгирӣ кунад;

Ба самарабахшии хизмати давлатӣ мусоидат намояд;

Боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ баланд бардорад;

Фаъолияти ғайрихизматии хизматчиёни давлатиро танзим кунад;

Масъулияти хизматчиёни давлатиро дар фаъолияти касбиашон зиёд кунад.

 

Аз рӯйи мазмун Кодекси одоби хизматчии давлатӣ якчанд меъёрҳоро дар бар гирифтааст: пешниҳодшаванда, манъкунанда, тавсиядиҳанда. Дар байни меъёрҳои пешниҳодшаванда асосҳои ахлоқи хизмати бовиҷдонона ва соҳибкасбӣ мебошанд, ки амалишавии самарабахши хизмати давлатиро ба манфиати давлат ва шаҳрвандон таъмин мекунанд. Тамоми фаъолияти хизматчиёни давлатӣ бояд дар доираи қонуният ва салоҳитнокӣ сурат гирад. Меъёрҳои манъкунандаи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ: нагирифтани тӯҳфаҳо, ришваситонӣ, суйистифода аз мансаб, маҳалгароӣ, фаъолияти соҳибкорию тиҷоратӣ ва дигар кирдорҳои ғайриҳуқуқиро пешбинӣ менамояд.

 

Ба меъёрҳои тавсияшавандаи Кодекс ду принсипи муҳимми марбути рафтори хизматчиёни давлатӣ дар шароити имрӯзаи ваъияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудаанд, ки таҳаммул ва поквиҷдонӣ мебошанд. Ин меъёрҳо инчунин таҳаммул ва эҳтироми урфу одатҳои халқҳои сокини Тоҷикистон, ақидаҳои динию хусусиятҳои этникии онҳоро низ дар назар дорад.

 

Маданияти сухан донистани меъёрҳои забони адабӣ, донистани асосҳои маҳорати суханварӣ ва жанрҳои гуногуни муоширати шифоҳии хизматиро дар назар дорад. Маданияти сухан аз се қисм: меъёрӣ, муоширатӣ ва ахлоқӣ иборат аст ва дар ҳама ҳолат дурустии нутқ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ ба гувороию оммафаҳмии сухан хизмат мекунанд.

 

Дуруст аст, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ин талабот дар назди хизматчии давлатӣ гузошта шудааст. Вале барои фаъолияти самараноку судманд ӯро зарур аст, ки санъати суханварӣ дошта бошад. Аввалан аз сухан гуфтан сатҳи донишу маърифат, ахлоқу одоб ва салоҳияти касбии инсон маълум мегардад.

 

Дар ин радиф шоир чунин мегӯяд:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

 

Аз ҷониби дигар сухан ҳам қувваю қудрати созанда ва ҳам сӯзанда дорад. Ба ифодаи А. Балхӣ:

Шунидам, ки бошад забони сухан,

Чу алмоси буррову теғи кӯҳан.

Сухан бифканад минбарру дорро,

Зи сурох берун кашад морро.

 

Манзури мо аз овардани ин гуфтаҳо дар он аст, ки хизмати давлатӣ масъулияти баланди нутқиро тақозо менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир хизматчии давлатӣ дар сухан гуфтан бояд бо дарки масъулияти бузург рафтор намояд. Зеро ҳар як сухани носанҷида, беасосу бемантиқи ӯ метавонад, сабаби нофаҳмӣ дар ҷомеа гардад. Хизматчии давлатӣ дар фаъолияти худ бояд ба қонунҳо, дастурҳо такя кунад ва мазмуну мақсади онҳоро ба мардум фаҳмонад.

 

Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки риояи меёърҳои одоби хизмати давлатӣ имконият медиҳанд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром, соҳибиқболу соҳибдавлат гардад. Одоби ҳамидаи муоширатро аз худ кардан ва риояи он обрӯю эътибори шахсро баланд мебардорад. Қоидаҳо ва меъёрҳои одоби хизматчии давлатӣ, ки бевосита аз Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма меёбанд, хизматчии давлатиро водор месозанд, то ин санади ҳуқуқиро сармашқи кори худ дониста, чун санади рӯйимизӣ истифода намояд.

 

 

Раҳимов Ҳабибулло Ҳалимович

Муовини сардори раёсат-сардори

шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси

Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо

12.01.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ