img
БА ДИҚҚАТИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ДАР КОРЕЯИ ҶАНУБӢ МУВОФИҚИ БАРНОМАИ EPS TOPIK КОР КАРДАН МЕХОҲАНД!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки нафароне, ки дар Корея Ҷанубӣ мувофиқи барномаи EPS topik дар соҳаи истеҳсолот кор кардан мехоҳанд, аз санаи 2-юм то 5-уми марти соли ҷорӣ қабули аризаҳоро бо пардохт намудани маблағи боҷи имтиҳон дар ҳаҷми 330 сомонӣ дар бинои МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   тибқи низоми EPS topik ба роҳ монда мешавад.

 

Талаботи иштирок дар имтиҳони EPS topik:

 

-шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik;

- синну сол аз 18 то 39 сола (рӯз моҳ соли таваллуд аз 03.03.1986 то 02.03. 2008);

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

- надоштани  манъи вуруд (депортация) ба Корея;

-шахсони солим бидуни бемориҳои сироятӣ; (ё маълумотнома оид ба ваъзи саломатӣ)

 

Маълумотҳои муҳим барои номнавис шудан:

 

1. Рақами телефон;

2. Шакли электронии шиносномаҳои хориҷӣ;

3. Расми рангаи электронӣ ҳаҷми 3,5×4,5 дар фони сафед;

Маълумотҳо бояд дуруст ва бо ҳарфҳои лотинӣ ворид карда шаванд!

Маълумот бояд аз рӯйи шиносномаи хориҷӣ бе хато ворид карда шаванд. Дар сурати нодуруст ворид намудани маълумот шаҳрвандон дар  имтиҳон иштирок карда наметавонанд, ё ин ки ба онҳо виза дода намешавад.

 

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80, телефонҳо барои тамос: 221-39-83, 221-39-67, 930934994 (Whatsapp, Telegram). Канали мо дар телеграм:

24.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ