img
ҶАЛАСАИ XXVIII ШУРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ МУҲОҶИРАТИ ДАВЛАТҲО-ИШТИРОКЧИЁНИ ИДМ

28 майи соли 2024 дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” ҷаласаи XXVIII Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Белорус, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Узбекистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Маркази зиддитеррористии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касабаи он иштирок доштанд.

 

Мувофиқи рӯзнома масъалаҳо доир ба вазъи муҳоҷират, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ, рафти омодасозии санадҳои намунавии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардиданд. Ба иштирокчиёни ҷаласа маърӯзаҳо оид ба натиҷаҳои иҷрои Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҷрибаи Федератсияи Россия дар бастан ва татбиқ намудани шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи реадмиссия, таҷрибаи Хадамоти муҳоҷират аз рӯйи принсипи “равзанаи ягона” ва рақамисозии онҳо дар Ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳод карда шуд.

 

Дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Маркази зиддитеррористии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба имзо расид. Мавриди зикр аст, ки Шурои мазкур бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва паёмадҳои он барои рушди иқтисодӣ ва амнияти миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ таъсис дода шудааст. Шакли асосии кори Шуро ҷаласаҳои мунтазам мебошанд, ки дар онҳо масъалаҳо ва ҳуҷҷатҳои марбут ба ду соҳаи асосии ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ карда мешаванд, инҳо: мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, инчунин иштирок дар таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Бо ташаббуси бевоситаи Шурои мазкур заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ дар иттиҳод дар соҳаи муҳоҷират таъсис ва такмил меёбад. Дар фарҷом аз ҷониби аъзои Шуро вобаста ба баррасии масъалаҳо протоколи дахлдор ба тасвиб расид.

28.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ