Имрӯз 21 уми феврали соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони дахлдори вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар асоси банди 3 Нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2024-2028, ки аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2024 таҳти рақами 18 таъсис дода шудааст.
17 июни соли 1999 Конференсияи байналмилалии меҳнат Конвенсияро дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон (№182) ва вобаста ба он Тавсияи №190 - ро қабул намуд, ки давлатҳои аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнатро ба андешидани чораҳои фаврӣ ва самаранок барои манъ намудан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон даъват намуд.
Бо дарназардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии қабулнамуда, Тоҷикистон якҷоя бо шарикони сеҷониба (мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён) Барномаи миллиро оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2026 таҳия ва омода мекунад.