img
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ – АСОСИ БУНЁДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ МЕБОШАД

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Дар робита ба ин сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, таҳлил ва робита бо ҷомеаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назир Насимӣ чунин гуфт:
- Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу  инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд.


Маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқият дорад, зеро он ба ин васила маҷмӯи хоси ҷузъи моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд. Пажуҳишҳо собит намудаанд, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва лаёқати инсон, муносибати байниҳамдигарии бошандагони ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда ифода менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон, қисми таркибии маданияти маънавӣ ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дорои малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир меёбад. Пас аз пешниҳоди Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ», ки дар он соли 2024 аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, аз 30 декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тасвиб расонида шуд.


Дар тавзеҳоти фармони мазкур мақсад ва вазифаҳо асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии ҷумҳурӣ муайян шудааст. Дар тавзеҳот гуфта мешавад, ки: «Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад».


Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур ин аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро хело хуб дар сатҳи зарурӣ донем. Аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоем. Қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоем. Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басо муҳим ва асосӣ маҳсуб меёбад. Аз ҳама муҳим барои баҳодиҳии маърифати ҳуқуқӣ низоми қонунгузори  асос маҳсуб ёфта, он ҳамчун ядро ба инкишофи фаъолияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектҳои ҳуқуқ заминагузор аст. Муссалам аст, ки мавриди инкишофи ҷомеа маҳз қонунҳо ба воситаи роҳандозӣ ва низоми мушахасу муайян равандҳоро дар заминаи  муносибати ҳуқуқии бошандагон ва муносибатро дар ҷомеа ба низом медароранд.


Фарҳанги ҳуқуқи инсонӣ дар равандҳои ҷомеа инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин хотир унсури дигари фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа сатҳи ташаккули тамоми низоми санадҳои ҳуқуқӣ, яъне матнҳои ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо ҳуқуқу вазифаҳои бошандагони ҷомеа ҳамаҷониба ва мушахасан иброз гардидаанд. Мушкилотҳои ҷомеа дар аксари ҳолатҳо ислоҳотҳои татбиқшавандаро тақозо менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳотҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва минбаъд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун омили муҳими барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардидааст ва эълон намудани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ низ идомаи ҳамин чорабиниҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.


Маърифати баланди ҳуқуқӣ- асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири фаъоле дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.


Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиб намудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд талаб менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаи ягонаи умумидавлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шавад.


Гуфтаҳои болоро хулоса намуда, мавриди таҳким ва рушди маърифати ҳуқуқӣ метавон чанд нуктаи назарро иброз дошта бошем:
а) маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъиёти аслии равандҳои ҷомеа аз оила оғоз гардида, мавриди муносибатҳо ба воситаи индувид ва тамоми шаҳрвандон дар раванди аз худнамоии донишҳои ҳуқуқӣ мавриди инкишоф ва ҳаракат аст.


б) маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун сохтори фарҳанги ҳуқуқи шахсият аз унсурҳои психологӣ (психологияи ҳуқуқӣ), унсури ғоявӣ (мафкураи ҳуқуқӣ) ва унсури рафторӣ (рафтори аҳамияти ҳуқуқӣ дошта) иборат аст. Дар равандҳои ҷомеа ба ҳисоб гирифтани ин унсурҳо аз аҳамият холӣ нест.
в) мақсади аслии таълими донишҳои ҳуқуқӣ дар заминаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ташаккулёбии фарҳанги умумии шаҳрвндон дар асоси дарки мазмун ва моҳияту муҳтавои ҳуқуқҳои инсон мебошад.
г) фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ  аз сатҳи инкишофи шуури бошандагони ҷомеа вобаста буда, дарк ва азхуднамоии тамоми қонун ва қоидаҳои ҷомеа дар асоси Конститутсия, маҳаки аслии инкишоф ва адлу адолат дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.


Бо шиносоӣ намудан ба мафҳум, мақсад ва аломатҳои маърифати ҳуқуқӣ муайян мегардад, ки маърифати ҳуқуқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басо муҳим дорад. Барои ташкил намудани ҷомеаи устувор ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқии худро сайқал диҳанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мушкилоти зиёде мавҷуданд, аммо танҳо бо кумак ва талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат метавон фарҳанги муътадили ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро ташкил намуд.

 

khovar.tj

15.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ