Дар шароити муосир, самаранокии идоракунии давлатӣ тавассути омодагии касбии хизматчиёни давлатӣ ба ихтисосҳои самти идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу салоҳиятнокии онҳо вобаста ба ҳалли доираи васеи масъалаҳои хизматӣ амалӣ мегардад.
Баланд бардоштани сифатнокии татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ҳалли муҳимтарин мушкилоти соҳа, ба як низоми мушаххас даромадани коргузории махфӣ ва дар маҷмуъ таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот масъалаҳое мебошанд, ки дар баробари мақоми ваколатдор мақомоти давлатии дорои мақоми низоми махфият низ масъул мебошанд.
Дар робита ба тақвияти фаъолияти соҳа яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳим ин таъминоти кадрӣ, такмили донишҳои касбӣ ва ҳуқуқӣ, такмили малакаи кор бо технологияи муосири иттилоотӣ аз ҷониби масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва кормандони дорои рухсат ба сирри давлатии мақомоти давлатӣ мебошад.
Бо назардошти муҳиммияти масъалаи омодасозии кадрҳои соҳавӣ бахусус масъулони мақоми низоми махфият ва шахсони дорои рухсат ба сирри давлатии мақомоти давлатӣ Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳамкории мутақобилан судманд шуруъ аз 5 август то санаи 10 августи соли ҷорӣ курси махсуси такмили ихтисосро барои масъулони мақоми низоми махфияти Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва аз санаи 19 августи сол то санаи 24 августи соли ҷорӣ барои масъулони мақоми низоми махфият ва кормандони дорои рухсат ба сирри давлатии дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаҳои қонунгузорӣ ва тадбирҳои амалигардонии он” ташкил намуд.
Мақсад аз ташкил намудани курси мазкур ин ба роҳ мондани фаъолияти якҷоя ва дастаҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ дар самти риояи низоми махфият, баланд бардоштани масъулият ва сатҳи касбияти кормандони масъул дар иртибот ба иттилооти ҳифзшавада мебошад. Дар фарҷоми курси такмили ихтисос аз шунавандагон назарсанҷӣ гирифта шуда, ба иштирокчиёни фаъол Сертификати хатм супорида мешавад.