img
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ МАҚОМИ ХОСИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ДАР ПАЁМ

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ( аз 28 декабри соли 2024 ) зикр ёфтааст, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар сатҳу сифати зиндагии мардум бо маром рӯ ба беҳбуд дорад. Тадбиқи чунин мақсади наҷибу созандаро ҳамасола мушоҳида менамоем.”Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад”, -омадааст дар Паём. Далелаш ин ки даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расид.

 

Дар асоси супориши Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳифзи иҷтимоии мардум аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ аз 20 то 30 фоиз зиёд мегардад. Дар баробари ин, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад. Тавре дар Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи кор таъсису барқарор карда шудааст. Дар ин росто ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон, дигар тадбирҳои марбут ба он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

 

Татбиқи Консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлати он имкон медиҳад, ки шуғли пурмаҳсул ҷойгоҳи муносиби худро дар раванди ташаккулёбии муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди иқтисоди ҷумҳурӣ соҳиб гардад. Бо роҳандозӣ гардидани шуғли пурмаҳсул тарзу воситаҳои истифодабарии захираҳои меҳнатӣ комилан тағйир меёбад, зеро яке аз ҷанбаҳои он бо хароҷоти ками иҷтимоӣ таъмин намудани натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Дигар ҷанбаи муайянкунандаи ин мафҳум, ба даст овардани даромади кофӣ ва мувофиқи корманд аз натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Ба ибораи дигар, шуғли пурмаҳсул ҳамон кореро ҳисобидан мумкин аст, ки он тавассути даромади худ сатҳи қонеъкунандаи зиндагии кормандонро таъмин карда метавонад.

 

Дар ин росто Сарвари давлат дар Паёми худ ниҳодҳои марбутаро вазифадор кардаанд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кори нав сафарбар созанд. Дар партави иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дар назди кормандони муассисаҳои илмӣ вазифаҳои нав гузошта мешавад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои давраи солҳои 2022-2026 мавзуи илмии “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст.

 

Ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар раванди таҳияи лоиҳаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он иштироки фаъолона доранд. Аз ҷумла, ходимони илмии пажуҳишгоҳ таҳиягарони “Консепсияи ислоҳоти музди меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Консепсияи вазъи шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикитон”, ”Методологияи муайян намудани дурнамои талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои соҳибкасби тахассусҳои гуногун” ва ғайра мебошанд.

 

Корҳои илмии олимони мо ба мақсад ва вазифаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 мутобиқ гардонда шудаанд. Дар Паём солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудааст. Ҳамзамон, дар Паём зарурати танзими самараноки бозори меҳнат, механизмҳои босамари ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави кор дар ҳамаи соҳаҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисос , касбомӯзии калонсолон, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ғайра таъкид ёфтааст.

 

Масъалаҳои зикршуда бевосита ба шуғли пурмаҳсул рабт доранд. Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ аз омилҳои комплексии гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, меҳнатӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ вобаста мебошад, ки дар раванди таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамоянд. Аз ин рӯ, дар пажуҳишгоҳ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи чунин масъалаҳо афзалият дода мешаванд:

- вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи онҳо дар иқтисодиёт;

- равандҳои демографӣ ва таъсири онҳо ба рушди шуғли пурмаҳсул:

- омӯзиши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон

- такомули ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии шуғли пурмаҳсул дар деҳот ва рушди ҳунарҳои мардумӣ :

-дурнамои ташаккули низоми шуғли пурмаҳсул дар робита ба талаботи бозори меҳнат.

 

Дар рафти корҳои таҳқиқотӣ ба нақши равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ, рушди соҳаи саноат аҳамияти хоса дода мешавад. Зеро онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти самарабахши меҳнатӣ, таъмини аҳолии қобилияти коридошта бо шуғли пурмаҳсул мавқеи муҳим доранд. Ҳамзамон, такмили низоми музди меҳнат, вазъи кунунии сифати раванди таҳсилот ва касбомӯзии муассисаҳои таълимӣ, ки ба беҳбуд ниёз доранд, ихтисосу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ғайра ба доираи таҳқиқоти илмӣ фаро гирифта мешаванд.

 

 

 

Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА, доктори илмҳои сиёсӣ,

директори Муассисаи давлатии

“Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

07.01.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ