Санаи 10 июли соли 2024 дар толори бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти “ Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар 6 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол” баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа. оғоз гардида, дар кори он мудири шуъбаи меҳнат, муоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулру, муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин, роҳбарони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардорони хадамот, инчунин сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои давлатӣ, роҳбарон аз шаҳру ноҳия ва вилоятҳо иштирок доштанд.
Зимни баррасии масъалаҳо муҳтарам вазир Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, қайд намуданд, тақвият додани масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии ҳамаҷонибаи муҳоҷирон пеш аз сафар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳамкорӣ бо роҳбарони корхонаҳои навтаъсис, пардохти саривақтии музди меҳнат, масъалаҳои забономузӣ, касбомузӣ, рақамикунони соҳаҳо ва гузариши пурра ба низоми электронӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои эктстремистӣ, риояи фарҳанги либоспушӣ, роҳ надодан ба хароҷотҳои зиёдатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, инчунин иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, расидан ба қадри талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд ва масъулинро ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати он муваззаф намуданд.